Болоравии нархи маҳсулот дар арафаи Рамазон

Давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар дар бозорҳои Душанбе ва атрофи он нархи маҳсулоти ниёзи аввал боло рафт.

Қурби расмии 100 доллар, ки ду ҳафта қабл ба 975 сомонӣ баробар буд, имрӯз 1020 сомониро ташкил медиҳад. Аммо ин ҳам ниҳоӣ нест, корафтодагон мегӯянд, ки нархи 100 доллар дар бозори сиёҳи асъор аз марзи 1100 сомонӣ ҳам убур кардааст. Болоравии қурби асъор ва афзоиши коронавирус дар ҷаҳон ва ваҳми мардум аз он дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти хӯрока майли болоравӣ дорад.

Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка, ки ду ҳафта пеш 3,80 сомониро ташкил медод ҳоло ба 5,40 сомонӣ ва нархи 1 кило пиёз аз 2,50 сомонӣ то 4,50 сомонӣ боло рафт.

Савдогарон мегӯянд, ки афзоиши нарх ба фурӯшандагон вобаста нест. Деҳконону ширкатҳо нархҳоро бардоштанд. Ба гуфтаи тоҷирони бозор имкон дорад, ки нархҳо боз гаронтар шаванд.

“Ҳозир ширкатҳо ба мо як қисми борҳои дар захира доштаашонро фурӯхтанд. Агар ба ин қарибӣ роҳҳо кушода нашаванду онҳо аз Русия бори нав ворид карда натавонанд, пас, маҷбур мешаванд, нархи захираи боқимондаи худро боз гаронтар карда, ба мо диҳанд. Асосан, онҳо аз Русия макарон, равған, гречкаву дигар навъи масулоти ғизоӣ меоранд”, — гуфт яке аз фурӯшандаи бозори пойтахт.

Ҳоло сарҳад бо кишварҳои содиркунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон бинобар хуруҷи коронавирус баста мебошад. Чанд рӯз баъд моҳи шарифи Рамазон наздик мешавад, мардум нигарон аз онанд, ки нархи маҳсулот боз боло меравад. Зеро дар мо анъана шудааст, ки дар ҳар иду маъракаҳо тоҷирон нархро ба боло бурда, мехоҳанд, ки фоидаи калон ба даст оранд. Яъне, барои онҳо масалаи “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” шиор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *