Хатлон: дар шаш моҳ 23 корхона аз фаъолият боз монд

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон кам не, 23 корхонаи истеҳсолӣ фаъолиятро қатъ карданд, ки дар натиҷа наздики 630 нафар ҷойи кории хешро аз даст доданд. Ин нукта имрӯз 14-июл дар нишасти матбуотии Агентии момори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зикр шуд.

Ҳакимзода Қурбон, сардори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, давоми соли ҷорӣ, дар вилоят 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз кард. Аммо 23 корхонаи дигар аз фаъолият боз монд,-афзуд вай.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки аз ин сабаб 626 нафар ҷойи кории хешро аз даст доданд. Ӯ мегӯяд, бархе аз корхонаҳо аз ду сол ва бархеи дигар солҳои тулонӣ аст, ки фаъолият намекунанд. Феъланд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 626 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ мавҷуд аст, ки аз ин 140 корхона фаъолияташон мавсимӣ мебошад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *