Кумаки Озода Раҳмон ба бемористони Данғара

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара кумаки моддӣ расонид. Кумак асосан аз маҷмуи рахти хоб иборат будааст.

13 май ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 100 кати тиббии хоб, 100 курпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмуъ 100 рахти хоб, супорида шудааст.
Ҳамчунин, Раҳмон Озода Эмомалӣ ба нақша гирифтааст, ки ҳафтаи оянда беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки ба доруворӣ ниёз доранд, ба маблағи умумии 115 ҳазор сомонӣ бо маводи зарурии доруворӣ таъмин намоянд.

Ин кумаки Озода Раҳмон дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 амалӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *