Мӯйлаб – гурез аз “облава”
Бо наздик шудани маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар мавриди пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва пур шудани нақша фармони Президент ва қарори раиси шаҳр имзо шуд, яъне маъракаи “облава” оғоз шуд.
Ба касе пӯшида нест, қисме аз ҷавонони мо, ки синну солашон ба хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мувофиқ аст, бо баробари оғоз шудани маъракаи даъват ва ҳатто чанд муддат пеш аз он роҳҳои пешгирӣ аз “облава”-шуданашонро фикр карда, кӯшиш мекунанд “облава” нашаванд.
Соли гузаштаву имсол ҷавонон як роҳи нави гурез ва пинҳон мондан аз чашми “облава”-шикҳоро фикр карда баромаданд. Пӯшидани костюму брюк?, шими классика бо куртаи сафеду галстук?, билети муҳоҷират гирифтан?, аз хона набаромадан?… не, дигар инҳо куҳна шуданд. Ҳоло мондани мӯйлаб дар “тренд”аст.
Навгонӣ ё худ “муд”-и мавсимӣ ин аст, ки соле ду маротиба, баҳору тирамоҳ баъзе ҷавонони мо мӯйлабмониро пеша мекунанд. Соле ду маротиба кӯшиш мекунанд, ки мӯйлабҳояшон чашмрас бошанд. Соле ду маротиба кӯшиш мекунанд, ки бо мӯйлабҳояшон диққати мардумро ҷалб намоянд. Соле ду маротиба кӯшиш мекунанд, ки мӯйлабҳояшон дар рӯяшон сиёҳӣ кунанд Аниқтараш мӯйлаб мемонанду либосҳои вобаста аз синну соли худашон калон мепӯшанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар чашмҳо пиртар тобанд.
Бисёр аламовар аст, вақте ки як ҷавон ғайриихтиёр мӯйлаб мемонад, ин ҳам бошад барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан.
Бисёр аламовар аст, вақте ки як ҷавон зери мазоқу масхара қарор мегирад, (Воқеан ҳам ҳоло миёни ҷавонон касе мӯйлаб монад мазоқаш мекунанд- Ҳ.Т) аммо хизмати ҳарбиро интихоб намекунад.
Бисёр аламовар аст, вақте ки як ҷавон барои гурез аз афроде худро пир мекунад ё пир нишон додан мехоҳад.
Бисёр аламовар аст, вақте ки як ҷавон симояшро тавре мекунад, ки ба худаш писанд нест.
Ва ин ҳама барои “облава”-шикҳо ва нарафтан ба хизмати ҳарбӣ мебошад, ки ҳамагӣ аламовар ҳастанд.
Аз ҳама бародарон узр, ки як сирро фош кардам.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ