Бунёди боз як мактаби нави молики бозори “Корвон” дар Рӯдакӣ

Нуршед Машрабов, молики бозори «Корвон» дар ноҳияи Рӯдакӣ як мактаби навбунёди дигарро сохта ба истифода дод. Ифтитоҳи мактаб бо иштироки вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар шахсони расмӣ 1 -уми июл сурат гирифтааст.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд, ин бинои навбунёди иловагии мактаби №57 ба номи Моҳирхӯҷа Султонзодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки онро соҳибкори маҳаллӣ Нуршед Машрабов сохтааст. Гуфта мешавад, ки мактаб аз 11 синфхонаи таълимӣ барои 264 ҷойи нишаст ва дигар утоқҳои методӣ иборат аст.
“Вазири маориф ва илми кишвар ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод. Иброз дошт, ки ин амали соҳибкор Н. Машрабов намунаи беҳтарини муҳаббату хизмат ба халқу Ватан мебошад”,- иттилоъ медиҳад вазорат.


Инчунин, Муҳаммадюсуф Имомзода бо роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимии зикршуда суҳбат намуда, масъалаи саривақт пардохт намудани маош ва рухсатипулии омӯзгоронро таъкид намудааст. Ӯ ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат музди меҳнат ва рухсатипулияшон пардохт мегардад.

Нуршед, Машрабов, соҳибкор

Нуршед Машрабов, молики бозори “Корвон” ва писари собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Хол Машрабов мебошад. Нуршед Машрабов бори аввал нест, ки дар бунёди иншооти соҳаи маориф нақш мегузорад. Қаблан ҳам, 21-уми декабри соли 2018 дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таълимии №7 -ро бунёд кард. Таълимгоҳ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Арзиши бинои мактаб 26 миллион сомонӣ барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *