Муҳайёсозии беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ
Вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ҳадафҳоеро, ки барои панҷ соли оянда гузошта шудаанд, баррасӣ кард
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, дар панҷ соли оянда бояд даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқстиоди савдо, Завқизода зимни ҷаласа бо иштироки масъулини соҳа, зикр намуд, ки бояд теъдоди миёнаҳолҳо дар кишвар зиёду шумораи камбизоатон кам шавад.
Вазир дастури президент, Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуд, ки дар панҷсолаи оянда ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45% расонда шавад. Дар зимн таъкид гардидааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 15 дарсад кам гардад.
Завқизода хотиррасон намудааст, ки солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардида, муҳим хондааст, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ бояд на кам аз 7 фоиз таъмин гардад. Ӯ ҳамчунин дастури Президенти кишварро барои муҳайё кардани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ зикр намудаст.
Дар феҳрасти чораҳое, ки бояд амалӣ гарданд, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ ном бурда шудаанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон нуктаи муҳиме зикр гардид, ки рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ баланд бардошта шуда ҷалби сармоя афзоиш ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ