Муин-Тоҷик шинохтаи ҷаҳон, кист ӯ?
Муҳорибаи омехта (MMA — WKA) — намуди варзише, ки дар ақсои олам торафт шинохтатар гардида, ҳам дар байни мардону ҳам миёни занон пайравони бешумор пайдо кардааст, дар Тоҷикистону тоҷикони берун аз Ватан низ маҳбубияти хос пайдо менамояд.
Мушоҳида мешавад, ки ба муҳорибаи омехта варзишгароне бозавқу шавқ рӯ меоранд, ки дирӯз паҳлавонони татами ё муштзанони ринг будаанд. Азбаски дар варзиши касбӣ бо камбудии молиявӣ дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ иштирок карда наметавонанд, ё мураббиёни манфиатҷӯйе маҳорату ҳунари ин шогирдони камбизоатро нодида гирифта, ноҳаққиҳо мекунанд, ба муҳорибаҳои омехта ва тан ба тани шарқӣ ё дигар намудҳои ғайриолимпӣ машғул мешаванд, нангу номус карда, аз зарбу лати бешумор ва талаботи варзишҳои ғайрикасбӣ навмеҳаросанд ва ба обрӯйи варзишии Ватанашон –Тоҷикистони соҳибистиқлол обрӯй зам мекунанд.
Яке аз онҳо тоҷикписари 19-сола Муин Ғафуров мебошад, ки се сол боз дар хориҷи кишвар дар муҳорибаи омехта (ММА) бомуваффақият қувва месанҷад ва аллакай дар арсаи ин намуди варзиш бо номи «Муин-Тоҷик» шӯҳратманд гаштааст. Муин дар арсаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷавонтарин баҳодурони унвондор ба шумор меравад. Муин Ғафуров чемпиони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ (WCSF), оид ба грепплингу (FILA), оид ба MMA (WKA), Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои ҷангӣ мебошад.
Баҳори соли равон Муин Ғафуров барои чанд рӯз ба Душанбе омада, бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда, ба саволҳои сершумори рӯзноманигорони риштаи варзиши кишвар посухҳо дод. Хеле ботамкин ва ҳатто шармгинона бо дастгирии мураббию менеҷераш сухан мегуфт. Маълум буд, ки бо рӯзноманигорон ниҳоят кам рӯ ба рӯ омада, суҳбат мекард.
-Ҳафтсола будам, ки дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистони ба номи Саидмуъмин Раҳимов машқу тамрини гуштии тарзи озод мекардам, — гуфт ӯ. – Пас ба футбол шавқ пайдо намуда, дар дастаи маҳалли истиқоматамон – Лучоб бозидаам. Вале баъд фаҳмидам, ки муҳорибаҳои тан ба тан бароям наздиктар аст. Дар маркази варзишии «Тоҷварз» таҳти роҳбарии президенти лигаи самбои ҷангӣ ва ММА Аҳтам Хокиров маҳоратамро сайқал додам…
-Ду соли охир барои Муин, ки қабл аз мусобиқаи нахустинаш шореҳ ба ӯ тахаллуси варзишии «Тоҷик»-ро муносиб донист, хеле бомуваффақият гузашт, — мегӯяд мураббиаш А. Хокиров. – Шогирдам дар сатҳи касбӣ набард карда, 5 муҳориба доир намуда, дар ҳамааш пирӯзии хотирмон ба даст овард. Бахусус, мусобиқаи парерсолаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз паҳлавонони лигаи самбои ҷангӣ ва муҳорибаҳои омехтаи клуби варзишии «Тоҷ Файтер» ташкил ёфта буд, дар муҳорибаҳои олӣ оид ба самбои ҷангӣ «Ҳуҷуми форсӣ» хеле хотирнишин буд. Дар ин мусобиқа файтерҳои (паҳлавонони) беҳтарини Тоҷикистону Русия қувва санҷиданд. Муин Ғафуров чемпиони ҷаҳон оид ба ушу-санда Магомед Абдуллоевро аз Русия шикаст дод. Муҳорибаи тан ба тани ҳарду дар вазни худашон беҳтарин буд. Дар аввали муҳориба ҷангии доғистонӣ бо усули ростистӣ бартарӣ дошт. Аммо баъд Муин ташаббусро ба даст гирифта, чанд усули партериро истифода кард ва рақибашро ба таслимшавӣ маҷбур намуд.
— Ҳар як муҳориба барои варзишгар имтиҳони ҷиддист, — мегӯяд Муин-Тоҷик. – Масалан, муҳорибаам бо паҳлавони фаронсавӣ Николаус Ҷуанес октябри соли гузашта дар мусобиқаи «Исмоили Сомонӣ III». Рақиби ман дар марҳилаи гузашта варзишгари тоҷикро шикаста буд. Ман бояд реванш мекардам, ки шукр ба ин ноил гаштам…
Мусобиқаи порсола дар маҷмааи варзишии «Элит»-и Кумитаи андоз байни баҳодурони дастаҳои Тоҷикистону Эрон ниҳоят диданӣ гузашт. Дар ин мусобиқа баҳодурони тоҷик бо 4 ғалаба ва 1 бохт дастболо шуданд. Пас аз анҷоми рақобати дастаҳо муҳориба оид ба самбои ҷангӣ (WCSF) байни Муин Ғафуров ва ғолиби марҳилаи дуюми Ҷоми Исмоили Сомонӣ Николаус Ҷуанес доир шуд. Муин рақибашро бо истифодаи усули дарддиҳанда мағлуб сохт. Маҳорати Муин аз назари ҳамабини мутахассисони хориҷӣ пинҳон намонд. Ибтидои соли гузашта ташкилоти ONE Fighting Championship Team-и Осиё бо Муин контракт баст. Тибқи ин қарордод Муин 27 сентябри соли равон дар Ҷакартаи Малайзия баҳодури амрикоӣ Кейси Суайр (Casey Suire) ба майдони набард баромад. Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, Муин дар ин мусобиқаи нахустини касбии худ хеле фаъол рақобат намуда, аз усули лоу кики (зарбаҳои паҳлуии бо пой) бомаҳорат истифода карда, сипас ба сари ҳариф бо даст зарбаҳо зада, бо зарбаи по ба ҷигари ҳарифи амрикоиаш муҳорибаро ба анҷом расонд. Муинро ба ин рақобати назаррас мураббӣ Ахтам Хокиров омода сохт.
Аз забони мураббӣ шунидем, ки имрӯз баҳодурони тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуровро моҳи октябр мусобиқаи ММА миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия ва моҳи ноябр бошад, чемпионати ҷаҳон оид ба ММА дар кишвари Молдова интизор аст.
Муин-Тоҷик то имрӯз 7 муҳорибаро бо пирӯзии худ анҷом додааст. Эътимоди қавӣ дорем, ки ӯ дар мусобиқаҳои мазкур дастболо шуда, шарафи варзишии Тоҷикистони соҳибистиқлолро афзун мекунад.
Эмоми НАЗАРИЁН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ