Муовини вазир баъди сирояти коронавирус аз мақомаш барканор шуд
Муовини вазири тандурустии Қазоқистон баъди сирояти коронавирус аз мақомаш барканор шуда, ба ҷояш Людмила Бюрабекова таъин гардид.
Илжон Биртонов, вазири тандурустии Қазоқистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки Камолжон Нодиров, муовини ӯ ба коронавирус мубтало шуда, дар яке аз бемористонҳои кишвар бистарӣ мебошад.
Вай афзуд, барои тақвияти тими мубориза бо коронавирус дар шаҳри Алмаато қарор буд Камолжон Нодиров сарпарастии идораи тандурустии умумии ин шаҳрро бар уҳда бигирад, аммо мушаххас шуд вай мубтало ба коронавирус аст.
Вазири тандурустии Қазоқистон афзуд, Камолжон Нодиров дар пайи ибтило ба коронавирус аз симати муовини вазир барканор ва Людмила Бюрабекова ба ҷои ӯ таъйин шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ