Муроҷиат ба Рустами Эмомалӣ: «Союз-сохтмон» 500 000 долларро азхуд карду хона насохт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳалли мушкилоти саҳмдорон дар бинои сохтмонаш нотамоми нӯҳошёна, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов комиссияи корӣ таъсис дод.

Комиссияи дахлдор аз ҳисоби муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтору ниҳодҳои марбута мебошад. Комиссия муроҷиатномаи саҳмдорони бинои сохтмонаш нотамоми нӯҳошёнаи истиқоматии 54 квартирадор, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, маҳаллаи 83-и пойтахтро, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Муайян гардид, сохтмони бинои нотамом аз соли 2012 оғоз гардида, сохтмончии асосии он-ҶДММ «Союз-сохтмон» бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро азхуд карда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шуда. ҳоло дар маҳбас қарор дорад.
Масъалаи ҷуброни зарари 67 нафар саҳмгузорон, ки маблағи наздик ба 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тӯли солҳо дар зинаҳои гуногуни судию иҷроиявӣ мавриди баррасӣ қарор дошта бошад ҳам, то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст ва сокинони мазкур бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин нагардидаанд.

Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи шаҳрдориро муваззаф намуд, ки бо саҳмгузорон вохӯриву суҳбат анҷом дода, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хонасозии ватанӣ сохтмони бинои мазкурро дар муҳлати 1(як) сол ба итмом расонанд, то ки саҳмдорон бо манзилҳои ободи дорои шароити лозимаи ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *