Нуруллоҳ Абдуллоев: Ба худам ҳасад мебарам… (Видео)

Аз мушкилоти санъат то орзуҳои баъди 70-солагӣ

Ман намояндаи насле ҳастам, ки бо барномаи “Беғараз панд” калон шудаам ва ҳазор маротиба ба ташкилкунандагон, хусусан ровии он устод Нуруллоҳ Абдуллоев, ҳазор раҳмат гуфтааму мегӯям. Вақте ки барномаи “Беғараз панд”-ро тариқи телевизион медидам, ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе мешаваду бо ровии он вохӯрда, суҳбат мекунам…

Меҳмони навбатии барномаи интернетии “Корзина” устоди саҳнаву сухан Нуруллоҳ Абдуллоев буданд ва мо бо эшон доир ба барномаи “Беғараз панд”, мушкилоти театр, драматургияи миллӣ, монологҳои навиштаву нонавишта, китбу сухану калом ва умри боқимонда суҳбат доштем, ки шакли чопияшро ҳамакнун мутолиа менамоед. Видеои суҳбати мазкурро дар YouTube канали pressa.tj тамошо кунед.

Аз коронавирус то қудрати китоб

— Як ҳунарманди 72-сола, нафаре, ки наздики ним аср дар театр кор кард, нафаре, ки ба воситаи барномаи “Беғараз панд” ҳазорҳо нафар аз ӯ омӯхтанд, ҳозир чӣ кору рӯзгор дорад?

— Ҳоло ба монанди аксарият гурезонам аз коронавирус, аз ин балои охирзамон. Фаъолиятам дар театр давом дорад. Бо роҳнамоии ҷавонон дар YouTube канали шахсии худамро кушодам, ки он ҷо як барнома бо номи  “Ҳикмати шифо” рӯҳандозӣ кардаем.

— Чанде пеш шумо дар саҳифаи фейсбукиятон навиштед: “Танаффуси шадид дар реҷаи ҳаррӯзаи мо имкон медиҳад, ки китоб хонем, илму дониш аз худ кунем ва дар бораи ҳаёту охират ва ҷаҳони тағйирёбанда, ки дар он зиндагӣ мекунем, амиқтар андеша намоем”. Шумо бигӯед, ки дар карантин кадом китобҳоро хондед, ба кадом фикрҳои фалсафии ин дунёву охират банд будед ва дар охир ба чӣ хулоса омадеду чӣ фоида гирифтед?

— Ягона чизи гаронарзише, ки дорам ин китобхонаи ман аст. Хушбахтона, ҳоло дар китобхонаам зиёда аз 5 ҳазор китоб дорам ва ҳар нафаре, ки ба хонаи ман меҳмон мешавад бо тааҷҷуб мегӯяд: “Дар хонаи муаллим ба ҷуз аз китоб чизе набудааст”.  Ман ба наздики 14 ҷилди “Американский детектив”-ро ёфта, харидам ва ҳамонҳоро хондам. Бовар кунед, бисёр ҳаловат бурдам. 

Дар мавриди фикрҳои фалсафӣ бошад, бояд бигӯем, ки чандест дар бораи куҷо равонаем, фикр мекунам. Ба назарам ҳодисаҳои соли охир бисёриҳоро ба фикр кардан водор кард. Ҳамчунин, ба хулосае омадам, ки агар шароит ёбам, китоби “Куҷо равонаем?”-амро филм мегирам. Тавлиди ин фикр фоидаи карантинии ман аст.

— Инсоният чизе ихтироъ кардааст, ки китобро иваз карда тавонад?

— Китобро ягон чиз иваз карда наметавонад: на телевизион, на кино, на интернет ва ҳатто на театр. Албатта, китобу театр бо ҳам хеле тавъаманд, аммо китоб дигар аст ва ҷойгоҳи худашро дорад. Зеро, вақте ки мо китоб мехонем, дар он ҷараён мо ҳам китобхонем, ҳам ровием, ҳам қаҳрамонем,  ҳам коргардонем, ҳам ба саҳнагузоранда  ва ҳам оператору танзимгар. Яъне, ҳама кас худамонем, ҳама чиз дар дасти худамон аст.

Видеои пурраи мусоҳибаро ин ҷо бинед

“Беғараз панд”: аз Маҳмуд Тоҳирӣ то Нуруллоҳ Абдуллоев

— То ҷое медонем, барномаи “Беғараз панд” сарчашма мегирад аз кори ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ Маҳмуд Тоҳирӣ. Мехоҳам дар мавриди тавлиди барнома муфассал бигӯед…

— Бале, дуруст мегӯед, барномаи “Беғараз панд”-ро Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Маҳмуд Тоҳирӣ бо режиссёрии Музаффар Ғаниев охири соли 1974 дар Телевизиони Тоҷикистон ташкил карданд. Чун он солҳо аз ҷиҳати техника танқисиҳо зиёд буданд, аксари саҳнаҳои барнома зинда мерафтанд, яъне, театри телевизионӣ буд, ки ҳунарпешаҳо спектаклро такроран зинда бозӣ мекарданд.

— Чанд сол Маҳмуд Тоҳирӣ барномаро пеш бурд ва аз кай шумо ровӣ шудед?

— Ду сол. Устод Маҳмуд Тоҳирӣ бемории фишори чашм доштанд ва назди камера бисёр истода наметавонистанд. Чун диданд, ки ҳолати доштаашон бо кори мекардаашон созгор нест, маро ба ҷойи худ гузоштанд. Ногуфта намонад, ки Маҳмуд Тоҳирӣ устоди ман буданд.

— Аввалин нашри “Беғараз панд”-ро, ки худатон ровӣ будед, дар хотир доред?

— Фикр мекунам шахсони эҷодкор аввалин рӯз ва рӯзҳои боқимондаи корияшонро нахоҳанд ҳам, дар хотирашон нигоҳ медоранд ва ман ҳам дар ҳамин қаторам. Ёдам ҳаст, ки дар намоиши аввал хеле дар ҳаяҷон будам. Он вақт бозмондани дастгоҳҳои наворбардорӣ кори осону сода набуд. Ман дар он лаҳза ҳам ҳаяҷон доштам ва ҳам тарс. Сухан мерондаму дар фикре будам, ки ҳозир ё лаҳзаи дигар гапамро гум мекунам. Хушбахтона, дар як лаҳзаи барои ман душвор яке аз прожекторони студия кафид ва ман нафаси осуда кашидам. То барқарор кардани прожектор ман хеле дам гирифтаму омода шудам.

— То ҷое медонем, барномаи “Беғараз панд” чанд маротиба таваққуф кард ва аз сари нав боз фаъол шуд…

— Барномаи “Беғараз панд” то давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто пас аз он ҳам мерафт. Албатта, замони даргириҳо каму беш таваққуф кард, зеро дар он вақтҳо фикру ҳуши мардум ба муҳофизати ҷони худу наздикони худ буд.

Пас аз осоиштагӣ бори дигар барномаро фаъол кардем ва тӯли 14 соли дигар он давом ёфт. Баъд роҳбарияти телевизион нав шуд ва мутаассифона, дигар ба “Беғараз панд” аҳамият надоданд, пул ҷудо накарданд ва амсоли инҳо. Чун боз роҳбарият нав шуд, моро аз сари нав даъват карда гуфтанд, ки барномаро фаъол кунем, вале бо номи дигар, яъне “Андарзи ниёгон” ва мо розӣ шудему чанд шумора ҳам омода кардем. Аммо бисёр нопурра ва номураттаб аст.

-Барои сабти як барномаи “Беғараз панд” чанд пул сарф мешуд?

— То 3 ҳазор сомонӣ. Ногуфта намонад, он замон кор то ҷое расид, ки мо барои нақшофарӣ дар саҳнаҳои тарбиявии барнома ба ҳунармандон то 10-15 сомонӣ гонорар медодем. Яъне, то ин ҳад барномае, ки ба гуфтаи шумо ҳазорҳо нафар аз он чизе мегирифтанд, беаҳамият шуда буд.

Аз театру драматургия то нақшофариву гонорар

— Гапи шумо: “…аз он ки тамошогаронро иҷборан ба театр меоранд, ҳарчанд толор пур ҳам бошад, театр обод намешавад, чун онҳо ташнаи театр нестанд”. Чӣ бояд кард, то ки тамошобинони театрро иҷборӣ наоранд?

— Ин бисёр кори осон аст. Ба фикри ман, намоишномаҳои хуб сохтан лозим, ҳамон намоишномаҳое, ки тамошобин онҳоро қабул кунад.

— Устод, шумо бигӯед, ки ҳоло мо чӣ кор кунем, ки як муаллим ё декани факултет дохили аудитория нашавад ва нагӯяд, ки мана 20 чипта аз фалон намоишномаи фалон театр ва шумо ҳамаатон 5 сомонӣ ҷамъ кунед? Яъне, чӣ кор кунем, ки мардум худашон ба театр оянд?

— Барои он ки ҷомеа, хусусан ҷавонон, ба театр оянд, бояд тарғиби театрдӯстиро аз давраи кӯдакии насли нав оғоз кунем. Ба онҳо фарқи театрро аз кино, аз интернет, аз кӯча нишон диҳем. Нишон диҳем, ки чӣ  хуб асту чӣ бад ва барои сохтани худ кадом намуди вақтгузаронӣ ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Ҳоло ба вазъи театр назар кунем, мебинем, ки гӯё ҳамин пандемия аз ҳама зиёд ба театрҳо таъсир кардааст. Чун ҳоло театрҳо дар ҳолати бад ҳастанд ва то чанде пеш дарҳояшон баста буданд, бояд Ҳукумат ба онҳо ҷубронпулӣ диҳад, то ки қомати худро рост кунанд.

— Баъзан калонсолони мо аз роҳбарҳои нав шиква доранд…

— Ишораатонро фаҳмидам. Бовар кунед, ба ҳеҷ вақт дуруст нест, ки як нафаре худашро ба театр, ба ҳунар бахшидааст, ӯро дар сари пирӣ ба нафақа гусел кунем. Мо кам мефаҳмем, аммо бояд ҳадди ақал фаҳмише дошта бошем, ки эҷодкорро аз муҳити эҷодӣ дур кардан, ин рӯзе ӯро сад бор куштан аст. Мо набояд бо як имзоямон миллион маротиба як эҷодкорро кушем.

— Шуморо ҳамчун ҳунарпеша, ровӣ ва драматург муаррифӣ мекунанд. Вақте ки мегӯянд: “Мо драматурги хуб надорем” ин ҷумларо чӣ гуна қабул мекунед?

— Ин ҷумларо одамони нодон мегӯянд. Айб аст гуфтани он, ки мо драматурги хуб надорем.

— Як драмаи калонҳаҷм ва машҳури шумо драмаи «Кӯҳистонӣ» аст. Оё дуруст аст, ки онро дар 10 рӯз навиштаед?

— Бале, драмаи “Кӯҳистонӣ”-ро ман дар 10 рӯз навиштам ва ногуфта намонад, ки “Кӯҳистонӣ” аввалин драмаи ман аст.  Онро ман дар соли 1984 навиштам ва соли 1986 ба намоиш гузошта шуд.

— Ба фикри худатон асаре, ки дар 10 рӯз навиштаед, чаро ин қадар маъруф шуд?

— Ман фикр мекунам, ки як сабаби зиёдтар машҳур шудани “Кӯҳистонӣ” ин доштани тарҷумаи забони русист. Як тарҷумон, (номашро фаромӯш кардам) драмаро пурра ба забони русӣ тарҷума кард, вале дар миён як шеър дорад, ки тарҷума ношуда мондааст. Ману вазири вақт Нур Табаров ба Русия рафта будем ва он ҷо бо Расул Ғамзатов вохӯрдем. Доир ба ину он суҳбат кардем ва дар миён шеъри тарҷуманошударо гузоштем. Ҳамон лаҳза шеърро дар як “салфетка” Нур Табаров ба русӣ тарҷума карда (тарҷумаи калимагӣ), ба Расул Ғамзатов дод, эшон дар ҳамон ҷо дар “салфетка”-и дигар шеърро бо забони аварӣ тарҷума намуда, ба тарҷумонаш дод. Рӯзи дигар тарҷумонаш шеърро оварда, ба мо дод, ки бисёр тарҷумаи хуб шуда буд.

— Дар википедиа омадааст: “Пйесаҳояш на танҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ, балки дар театрҳои шаҳрҳои Маскав, Налчик, Хабаровски Русия, Токио ба саҳна гузошта шудаанд”. Кадом пйесаҳоҳоятон?

— Асосан “Кӯҳистонӣ” буд, ки ҳоло аз рӯи ин қазоқҳо филм гирифта истодаанд.

— Шумо зиёда аз 45 сол дар театр кор кардед, аммо фикр мекунем, ки мардум шуморо бештар ҳамчун ровӣ мешиносанд, на ҳамчун ҳунарпеша, чаро ин тавр аст?

— Ин фирки шахсии шумост. Ман фикр мекунам, ки бештар маро мардум ҳамчун актёри синамо, театр ва драматург мешиносанд.

— Шумо бо устоди саҳна Ҳошим Гадо дар намоишномаи “Шоҳ Эдип”-и Софокл нақш офаридаед…

— Манзуратонро фаҳмидам. Мо ҳамроҳи устод Ҳошим Гадо пеш аз ба саҳна гузоштани намоишномаи “Шоҳ Эдип”-и Софокл чанд сол тайёрӣ медидем ва болои ин намоишнома машқ мекардем. Вақте ки тасмими гузоштани намоишнома шуд, устод дар аввал гуфтанд, ки шояд нақши Шоҳ Эдипро ба ту диҳам. Дар охир устод Ҳошим Гадо нақши Шоҳ Эдип ва ман нақши Шоҳ Креонтро иҷро кардем.

— Калонтарин гонорар ё гонорарҳоятонро аз куҷо гирифтаед?

— Ман он қадар гонорарҳои калон нагирифтаам. Ёдам ҳаст, ки аз як филми фаронсавӣ 2500 евро ва аз як филми дигар, ки бо қазоқҳо буд, 2500 доллар гирифтаам.

— Шумо аз ягон бонк, мағоза ё нафаре қарздор ҳастед?

— Шукр, ки не. Як вақт аз бонк қарз гирифта будам ва шукр супоридам.

— Дар кишвари мо бо касби актёри шоиста зистан мумкин аст?

— Не.

Чаро бо худам гап мезанам?

— Шуморо ҳамчунин бо монологнависиятон ҳам мешиносанд. Ман “подшивка”-и нашрияҳоро дар солҳои 2007-2010 варақ гардондам, монологҳои шуморо дидам ва инчунин дар “подшивка”-и соли 2010-и газетаи “Тоҷикистон” ҳам бо монологҳоятон рӯ ба рӯ шудам. Ҳоло бигӯед, ки ҳамин монологнависиятон чӣ гуна шурӯъ шуд?

— Ман дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нооромиҳо, нобасомониҳо ва ноадолатиҳоро дида, монологнавис шудам. Агар, ки вазъияти он солҳо намебуд, шояд ман ҳеҷ гоҳ худ бо худ гап намезадам.

— Ҳоло шумо дар шабакаи Фейсбук саҳифаи шахсии худатонро доред ва монологҳоятонро бознашр мекунед, бигӯед, ки чаро ҳоло монолог наменависед?

— Ман ба пуррагӣ монологнависиро напартофтаам, як-як менависам ва дар ҳамон саҳифаи фейсбукиям мегузорам. Чун бисёртари монологҳои саҳифаам навиштаҳои солҳои пешин ҳастанд, навҳояш ба чашми шумо нарасидаанд.

— Бисёр хуб, пас чаро бо матбуот ҳамкорӣ надоред ва дар газетаҳо чоп намешаванд?

— Рости гап ман аз навиштаҳои навам ҳеҷ кадомеро ба матбуот набурдаам. Фейсбук ҳам ҷойи бад нест.

Иловатан бояд бигӯям, ки ман ният дорам монологҳоямро ҷамъ карда, дар шакли китоб чоп кунам. Боз ният дорам, ки дар YouTube бо ҷалби ҳунармандон монологҳоямро ба саҳна гузорам ва ба дискҳо сабт карда, ҳамроҳи китобам ба фурӯш гузорам.

Аз Тимати то хона рафтан

— Мо барои чӣ бояд зиндагӣ кунем?

— Барои ояндагонамон.

— Орзуҳои калонатон кадомҳоянд?

— “Куҷо равонаем?”-ро филм кунам, Театре бо номи “Гуфтугӯ бо худ” ташкил кунам ва боқӣ ба фарзандонам саломатӣ хоҳонам.

— Ба фарзандонатон чӣ мондан мехоҳед ва умуман як нафари идеалӣ бояд чӣ монад?

— Меҳру муҳаббат, тарбияи хуб, инсондӯстӣ. Бовар кунед, ман баъзан ба худам ҳасад  мебарам ва мехоҳам, ки ҳама мисли фарзандони ман фарзанд дошта бошанд.

— Агар, ки шумо дигар кас мебудед, ба нафаре, ки мисли шумост ё шумост, чӣ мегуфтед?

— Саломат бош! Ба дигарон ҳасад набар, он чӣ ки Худованд додааст, қаноат кун.

— Ин дуруст аст, ки шумо пас аз 60-солагиятон ба сари чанбараки мошин нишастед ва ронанда шудед?

— Бале, ман дар 64-солагиям мошинрон шудам ва чизи дигаре, ки пас аз 60-солагӣ ба даст овардам, ин пайвастан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

— Шумо мусиқӣ гӯш мекунед, чаро, киро ва чӣ қадар?

— Дар боби мусиқи ман хеле бой ҳастам. Бой ба маъное, ки ман сурудҳои классикиро, хусусан Шашмақомро гӯш мекунам. Боз метавонам соатҳои дароз опера гӯш кунам. Аҳмад Зоҳир дар телефону компютери ман доимо садо медиҳад. Ва боз метавонам рэп гӯш кунам.

— Кадом реперро гӯш мекунед?

— Тиматиро.

— Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти шумо бошад, чӣ кор мекунед?

— Ба хонаам меравам…

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *