Одамкушӣ ҳангоми мастӣ
Санаи 17-уми майи соли 2020, тахминан соати 20:00, дар хонаи истиқоматии марди 42-солаи сокини кӯчаи Ҷавонии шаҳри Бӯстон ҷасади зани 50-солаи сокини шаҳри мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд, хабар медиҳад ВКД.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 17-уми майи соли 2020, тахминан соати 15:00, сохибхона — марди 42-сола бо ҳамроҳии марҳума дар хонаи истиқоматиаш машрубот истеъмол намуда, ҳангоми муноқишаи ба миён омада охиронро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар
ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ