Одамкушӣ бо захми 15 корд дар Кӯлоб

Марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол бо марди 43 сола худро идора карда натавониста бо захми 15 корд дувумиро ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки номбурда тахминан соати 08:30-дақиқа дар дохили бозори марказии шаҳри Кӯлоб аз рӯи хусумати пешакӣ бо марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда бо корди хоҷаги 15-маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат мерасад.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбар дастгаир гардида дар ҳапси пешаки қарор дорад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *