Озору таҳқири модар ба кунҷи зиндон бурд

Як модари пиронсол, истиқоматкунандаи кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар хусуси аз тарафи фарзандаш мавриди дашному ҳақорат қарор мегирад ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.

Гуфта мешавад, ки дар баробари муроҷиати мазкур озордищандаи модар муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки номбурда Муминов Фурқат Неъматович санаи таваллудаш 17.04.1975, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Абай, оиладор-соҳиби 3 фарзанд буда, дар содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худиқрорӣ намуд.

Тибқи иттилои РВКД аз ин пеш низ ду маротиба нибати дастгиршуда Муминов Фурқат барои таҳқиру озор ва дашноми модараш ҷазоҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида буд.

Бо назардошти ҳолати мазкур ин маротиба низ нисбати дастгиршуда Муминов Фурқат барои таҳқиру озори модар дар ҷои ҷамъиятӣ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва бо Қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонаруз таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *