Парвандаи куштори Холмӯмин Сафаров бозбинӣ мешавад?
Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар робита ба куштори Холмӯмин Сафаров ахиран 6 нафар дастгир шуда, Диловаршоҳ Қосимов ва Муҳаммадтоҳир Ҳакимов – ду нафари барои ин куштор маҳкумшударо барои анҷоми корҳои тафтишотӣ аз маҳбас ба боздоштгоҳ овардаанд.
Диловаршоҳ Қосимов, нафареро, ки барои даст доштан дар қатли Холмӯмин Сафаров – раиси пешини хоҷагии ҷангал ва шикори Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбаси пӯшидаи Қӯрғонтеппа ба Душанбе овардаанд ва ӯ дар боздошт қарор дорад.Муҳаммадтоҳир Ҳакимов – нафари дувуми маҳкумшуда дар парвандаи куштори раиси “хоҷагии ҷангал”-ро, ки 8 сол ҳукми зиндонашро дар маҳбаси рақами 4 (собиқ 7-ум колонна)-и Душанбе адо мекард, ба боздоштгоҳ овардаанд: «Дар робита ба ин қазия ҳоло 6 нафари дигар дастгир шудаанд ва Диловаршоҳ Қосимов ва Муҳаммадтоҳир Ҳакимовро барои анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ – бозпурсиҳои ҷадид, рӯбарӯкуниҳо ва амсоли ин ба боздоштгоҳ овардаанд.”Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли 2013 дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Диловаршоҳ Қосимовро бо ҷурми куштор ба 26 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд. Аммо зоҳиран дар ин куштор даст доштани бародарон Муҳаммадтоҳир ва Муҳаммадфозил Ҳакимов – ду боздоштшудаи дигар бо гумони қатли язнаи президент собит нашуд ва Муҳаммадтоҳирро фақат бо ҷурми низ шубҳабарангези нигоҳ доштани силоҳи ғайриқонунӣ дар манзилаш дар маҳаллаи Навобод ба 8 сол ва додараш Муҳаммадфозилро барои хабар надодан ба мақомот аз яроқи пинҳонкардаи ӯ ба 3 соли зиндон маҳкум карданд.Муҳаммадфозил ҳукмашро адо карда, алакай озод шудааст, вале Муҳаммадтоҳир Ҳакимов дар маҳбаси рақами 4 ва Диловаршоҳ Қосимов дар Қӯрғонтеппа адои ҳукм мекарданд.Мақомоти расмӣ дар бораи тафтиши дубораи парвандаи қатли раиси ҷангал то кунун изҳори назар накардаанд ва хабаре ҳам дар ягон ҷо дар ин бора нашр нашудааст.Холмӯъмин Сафарови 57-сола, раҳбарии муасссисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал” ва шавҳари хоҳари президент Эмомалӣ Раҳмон, шаби 13 июни соли 2012 баъди адои намози хуфтан дар масҷиди маҳаллаи Автовокзали Душанбе дар роҳи бозгашт ба манзилаш кушта шуд.Як моҳ баъд мақомот аз боздошти Диловаршоҳ Қосимов, корманди як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Восеъ, ки бино ба хабарҳо, бо Холмӯъмин Сафаров баҳси молӣ доштааст, хабар доданд. Барои пайдо кардани туфангчае, ки ба бовари мақомот, Қосимов барои куштани домоди президент истифода бурда буд, мақомот чанд рӯз зери дарёи Душанберо кофтанд. Ҳамин силоҳ дар баробари як муноқишаи молиаш бо Холмӯъмин Сафаров як далели аслии тафтишот алайҳи Диловаршоҳ Қосимов шуд.
Қосимов дар ибтидо ба даст доштанаш дар қатлро иқрор кард, вале баъдан гуфт, ки таҳти шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудааст.Манобеи огоҳ мегуфтанд, ки Диловаршоҳ Қосимов гӯё барои курсии раиси кони тилои Шугнов ба Холмӯмин Сафаров 300 ҳазор доллар додааст, вале ин вазифаро ба як каси дигар доданд. Дар натиҷа, ӯ гӯё чанд маротиба бо таҳдид аз Холмӯмин Сафаров баргардондани пулашро талаб кардааст, ки баъди кушта шудани Сафаров як далели асосӣ ба зидди Қосимов шуд.Вале Диловаршоҳ Қосимов ва Муҳаммадтоҳир Ҳакимов дар ҷараёни тафтишот исрор меварзиданд, ки идораи «Хоҷагии ҷангал» ахиран бизнеси пурфоидаи ҷамъоварии шираи камолро барои афғонҳо баст ва бояд решаи ин кушторро дар он сӯи Омӯ биҷӯянд.Ду шоҳид баёнот доданд, ки шаби куштор аз дур 2 нафарро дидаанд, ки яке аз онҳо пеши роҳи Холмӯъмин Сафаровро гирифт ва дигарӣ аз ҷайбаш туфангчаро бароварда, ӯро парронд. Аммо азбаски маҳалли ин ҳодиса торик буд, онҳо натавонистаанд чеҳраи қотилонро бубинанд.Холмӯъмин Сафаров соли 1955 дар рустои Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз соли 2009 то дами маргаш раҳбарии корхонаи «Хоҷагии ҷангал”-и Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ