Писари Раҳнамо сазовори Шоҳҷоиза дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ …» гардид

14 декабр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза  ҷамъбаст гардид.  Ғолиби  Шоҳҷоиза бо гирифтани 225, 5 хол хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ  тақдим гардид.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Имрониддин Сарфарозиддин.

Ҷойи дуюм — 25000  сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.

Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.

Ҷойи сеюм — 15000 Мосума Шоҳмуродзода .

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум — 25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои  Азизиён.

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:
Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.

Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ Насиба Ҳафизова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.

Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф пешниҳод гардид.

Ҳамчунин чанд нафар ятимони кул ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф бо 3 ҳазор сомонӣ мукофот пулӣ пешниҳод гардиданд:

Инҳо Озодаи Саид, Ҷуррахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайни Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова мебошанд.

Гирандаи Шоҳҷоиза хонандаи синфи 10 Муассисаи таълимии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуд. Ӯ дар суҳбат чунин ибрози назар кард: «Ман дар даври шаҳрӣ  соҳиби Шоҳҷоиза гардидам. Аз рӯйи чор номинатсия низ иштирок намудам. Талаботи доварон дар ин давр хеле ҷиддӣ гардидааст. Ин ғолибияте, ки имрӯз ба даст овардам, ташаббукори он Пешвои миллат мебошанд. Бо ташкил намудани ин озмун тавонистанд, шавқ ва рағбати насли имрузаро ба китобхонӣ бештар намоянд».

Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, аз иштирокчиён маҳорати баландро талаб намуд.

Бори нахуст аст, ки чунин озмунҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  баргузор гардиданд.

Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.

Ҷанбаи дигари иқдоми Сарвари давлат аз Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» он аст, ки рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одоби ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонии мардум ва аз нозукиҳою ғановати забони модарии хеш огоҳ гардидани мардуми мамлакат мебошад. Дар баробари ин, барои он ки сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ муйян гардад, дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шудааст, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои ғолибон мукофотпулӣ тақдим мегардад. Ҳамчунин  дар назар аст, ки барномаи консертӣ бо як шукуҳу шаҳомат баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *