Прокуратура «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк»-ро тафтиш дорад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон фаъолияти чаҳор бонки кишварро давоми шаш моҳ тафтиш мекунад.

Ҳоло  гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони прокуратура  ва иқтисодшиносон  фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва бонки давлатии “Амонатбонк”-ро  таҳқиқ карда истодаанд.

Ҳотам Назарзода, муовини  аввали Прокуратураи генералӣ гуфтааст, ки санҷиши “мудирияти нодуруст” ва шеваҳои истифодаи маблағи давлату шаҳрвандон дар ин бонкҳо дар асоси як дастури ҳукуматӣ сурат мегирад. «Аз тарафи прокурори генералӣ дар ин бора фармон ба тасвиб расидааст. Дар мӯҳлати муайян, миқдори муайяни маблағҳои давлатӣ ва ҳам маблағи шаҳрвандон пас гардонида мешаванд. Боварии комил дорем, ки шаҳрвандони мо маблағҳо ва пасандозҳои худро, ки пас аз ин гирифта метавонанд» – гуфт, Ҳотам Назарзода.

Ёдрас мешавем, ки  «Тоҷиксодиротбонк», Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк» дар соли 2016 гирифтори мушкилоти молӣ шуда, мизоҷонашонро саргардон карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *