Раиси нави ВМКБ. Алишер Мирзонабот кист?

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонабот, ки то ин замон раиси шаҳри Хоруғ буд, таъин шудааст.

Дар ин бора монобеи огоҳ хабар додаанд.

Алишер Мирзонабот, ки акнун раиси ВМКБ таъин шудааст, пештар муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ ҳамагӣ як сол фаъолият кардааст. Ӯ дорои рутбаи генерал-майор буда, муддате ба сифати муовини раиси ВМКБ низ кор кардааст.

Тағйироти кадрӣ имрӯз, 5-уми ноябр сурат гирифта, дар баробари раиси нави вилояти Бадахшон боз чанд мансабдори дигар аз вазифаашон барканор ва ба маснади онҳо афроди дигар таъин шудаанд.

Ёдгор Файзов кист?

Ёдгор Файзов 60 сол дошта, дар баробари раиси ВМКБ ҳамчунин муовини раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон аст.

Файзов зодаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон буда, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор хатм кардааст.

Корро дар солҳои Шӯравӣ аз озмоишгоҳи байтории ВМКБ шурӯъ карда, баъдан ба соҳаи комсомол гузаштааст.

Ёдгор Файзов выписан из больницы - Вечёрка

Аз моҳи октябри соли 2018 раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз ин ӯ раиси Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон буд.

Файзов дар ҳодисаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ миёнрави байни ҳукумат ва фармондеҳони минтақа буд.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *