Шавкат Мирзиёев ба тоҷикон шаҳрвандӣ медиҳад
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон гуфт ба касоне, ки то соли 1995 ба Ӯзбекистон омада ва то кунун онҷо истиқомат доранд, шаҳрвандӣ хоҳад дод. Феълан дар Ӯзбекистон теъдоди зиёди тоҷикон интизори мақоми шаҳрвандӣ ҳастанд.
Мирзиёев ин нуктаро рӯзи 24 январ дар ҷараёни паёмаш ба порлумони он кишвар баён кард. Вай афзуд, иқдоми мазкур мушкили 50 ҳазор одамеро ҳал хоҳад кард, ки дар Ӯзбекистон бидуни шаҳрвандӣ истиқомат доранд. Вай аз порлумон хост, ки пешниҳоди ӯро баррасӣ ва то 1 май дар ин бора тарҳи қонун таҳия кунад.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин аз нақшаҳои ислоҳи сиёсат дар бахши муҳоҷирати дохилӣ ва бекорсозии низоми даврони шӯравӣ хабар дод, ки бар асоси он сокинони минтақаҳои дигар аз ҳаққи истиқомат ва кор дар шаҳри Тошканд маҳрум ҳастанд. Мирзиёев гуфт, замоне фаро расид, ки ин таҷриба бекор шавад, зеро сиёсати мазкур садҳо ҳазор ӯзбекистониро водор ба корҷӯӣ дар берун аз кишвар кардааст.
Масъалаи додани мақоми шаҳрвандӣ барои тоҷикони Ӯзбекистон бисёр муҳим аст, зеро теъдоди зиёди онҳо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳиҷрат карда, то ба ҳол мақоми шаҳрвандӣ дарёфт накардаанд. Миёни онҳо нависандаи маъруф Адаш Истад, киношинос Ато Аҳроров, пажӯҳишгар Ҳазрат Сабоҳӣ ва даҳҳои дигар бо шиносномаи шахси бетабаа зиндагӣ доранд. Охири соли гузашта Шавкат Мирзиёев ба режиссёр Бақо Содиқов мақоми шаҳрвандӣ дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ