Шон МС: РЭПРО БАС КАРДА, ҲАҶ МЕРАВАМ

Шон МС (Шаҳбоз Шарипов) аз зумраи рэперони раддаи аввали ҷумҳурӣ аст, ки аз соли 2008 то ҳол дар саҳна мебошад. Маҳмбубияту маъруфияти ӯро 220 ҳазор обуначӣ дар ютубканалаш бори дигар тасдиқ мекунад. Шон МС миёни ҷавонон бештар бо рэпҳои ошиқӣ ва миёни калонсолон бо рэпҳои иҷтимоӣ-проблемавияш шуҳрат дорад.

Ин навбат меҳмони барномаи интернетии “Корзина”, ки дар ютубканали “Pressa.tj” нашр мешавад, Шон МС буд. Фишурдаи суҳбати рэперро пешкаши шумо мегардонем.

— Шумо дар рэпи “Падар”, ки чанд сол пеш хондед, ваъда дода будед, ки то падарамро Ҳаҷ равон накунам, фикри хонаву мошинро намекунам. Вале Шумо чанд мошин гирифтеду ҳамоно падаратон ҳоҷӣ нашудаанд, чаро?

— Бояд моҳи март падари ман Ҳаҷ мерафт, аммо чӣ тавре ки медонед сафари Ҳаҷ манъ шуд. Дар бораи мошин гирифтанам бошад падарам худаш гуфт, ки мошин гир, ҳеҷ набошад аз “Шарқи озод” газетҳои модаратро меорӣ.

— Баъд ваъдаи додаи Шумо чӣ мешавад?

— Ман қавлро шикастам барои ҳамон нафаре, ки ба хотири ӯ ваъда дода будам.

Аз рӯйи гуфтаи худатон бояд ҳозир мардум Шуморо Шон МС ё Шаҳбоз Шарипов не, балки “мурғ” гӯянд, зеро чанде пеш дар як навор гуфта будед, ки агар 6 бар 1 “батл” набароям, маро мурғ гӯед…

— Дар масъалаи “батл”-и 6 бар 1 ман гунаҳкорам, зеро камтар калон гап задам. Лекин бояд гӯем, ки проблемаҳои зиёд шуданд. Маро УБОП, Прокуратураи генералӣ даъват карда, аз оқибати нохуби чунин “батл”-и калон дарак доданд. Вале, дар ҳақиқат, ман ҳамин корро карданӣ будам, вале нашуд.

Дар мусоҳибаҳо мегӯед, ки ман дар бораи Насиба (қаҳрамони асосии рэпҳои Шон МС) гап намезанам, вале дар соли гузашта боз 2 рэпи дигар дар борааш хондед, чаро?

— Ман дар бораи он гап назадам, вале рэп хондам. Ин ҳиссиёт аст, ҳиссиёте, ки аз соли 2008 маро думболагир аст ва мардум маро бо ҳамин тарз шинохтанду қабул карданд.

— Мақсади мо ин буд, ки бояд мард як гап дошта бошад, аммо Шумо якгапа нестед…

— Ин ҳаёт аст, ҳама чиз мувофиқи гуфтаву хоста намешавад. Ва дар ин ҷо ҳам ман гунаҳкорам.

— Мо мехостем бифаҳмем, ки Насиба аслан персонажи воқеӣ аст ё сохта?

— Бале, чӣ хел вуҷуд надорад?Ман як нафаре будам, ки ҳеҷ кас пешравии маро на орзу дошт ва на боварӣ. Вале Насиба буд, ки ман то ин рӯзҳо расидам. Он замон ман Шони имрӯза набудам ва қудрати хаёлбофӣ ва образофарӣ надоштам ва чизе ки буду ҳаст, воқеӣ аст.

— Чаро тез — тез аз гапҳоятон мегурезед?

— Гапгурезиро ҳам қабул мекунам. Ҳамон ҷавоби боло, яъне ин ҳаёт аст.

— Идеяи рэпҳои проблемавиятонро аз киҳо ё чиҳо мегиред?

— Қариб 90%-и идеяи рэпҳои проблемавӣ аз ҳаёти худам ҳастанд. Масалан, вақте ки додари ман дар беморхона буд, медидам, ки дар шабҳои хунук мардуми беморхабаргир дар “бесетка”-ҳо мехобиданд ва ман хондам рэпи “Калимаҳои беҳарф”-ро. Бисёр ҳастанд чунин рэпҳоям.

— Дар як видео наҳтхонӣ мекунед, дар як видеои дигар мардумро ба қимор даъват мекунед, инро дурӯягӣ номем мешавад?

— Ман касеро ба қимор даъват намекунам ва вақти гуфтан танҳо мегӯям, ки қимор ҳаром аст, вале ҳар нафаре, ки бо линки мондаи ман як бор ба ҳамон сомонаҳо дохил шавад, пешравии мо мешавад, зеро сарпарастони мо мебинанд, ки ба воситаи канали кӣ ба сомонаҳояшон мардум ворид шуданд. 

— Дар як рэпатон гуфтед, ки ман то синфи 9 дар мактаб хондам ва дар ҷойи дигар гуфтед, ки ман хурсандам, ки дар занги охир ҳамроҳи Насиба будам…

— Директори мактаби мо ба нафароне, ки аз синфи 9 хориҷ шуда буданд, иҷозат доданд, ки дар синфи 11 дар занги охир иштирок кунанд. Ман дар ин ҷо дурӯғ нагуфтаам.

— Охирин сухани шумо чӣ мешавад?

— Соли 2020 охирин соли рэперии ман аст ва ба фикрам, бас карда Ҳаҷ меравам…

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *