“Скайроуд Лизинг” аз “Тоҷик Эйр” 20 миллион талаб кард

Ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” аз болои Ширкати “Тоҷик Эйр” ба суди Амрико шикоят карда, талаби 20 миллион доллар кардааст. Ин ширкати литвонӣ давоми чанд сол аст, ки бо ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон баҳси судӣ дорад . Дар ин бора сомонаи “РАПСИ” иттилоъ дод.

Ширкати “Скайроуд Лизинг” аз болои “Тоҷик Эйр” барои пардохт накардани 20 миллион доллар қарзаш шикоят карда, хостори баррасии парванда гашт.

Ин чорумин суд аст, ки дар он парвандаи ду ширкат баррасӣ мешавад. Қаблан баҳси ширкати «Тоҷик Эйр» бо «Скайроуд Лизинг» дар Суди арбитражӣ ё ҳакамии Вилнюс баъдан дар Душанбею Маскав ва ахиран ба Амрико расид.

Тибқи маводи парванда, сабаби баҳс қарзи пардохти ҳармоҳаи 149 ҳазор доллар барои иҷораи ду ҳавопаймои Боинг аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва баҳраву ҷаримаҳо мебошад, ки дар умум 20 миллион доллар шудаанд.

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2009 ҳамкориро ба роҳ монда, ду ҳавопаймои «Боинг»-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифта буд. Аммо соли 2017 “Скайроуд Лизинг” ширкати “Тоҷик Эйр”-ро ба напардохтани 20 миллион доллар қарз ва баҳрву ҷаримаҳо муттаҳам карда, ба суд кашид, вале ширкати тоҷикӣ ин даъворо беасос хонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *