Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон
Айбдоркунандаи давлатӣ барои президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз мақомоти судӣ барои аз озодӣ маҳрум кардани сабиқ президент 15 соли зиндон талаб кард. Дар ин бора «Озодӣ» хабар медиҳад.
«Дар мурофиаи имрӯза додситон айбномаи пешинро қироат карда, барои Отамбоев 15 соли зиндон, мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз мукофотҳои давлатиро талаб кард», — изҳор доштаас вакили дифои президенти пешини Қирғизистон Замир Жоошев.
Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, додгоҳ то 18 июн ҳукми худро эълом кунад.
Манбаъ меафзояд, ки дар доираи парвандаи мазкур 19 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Парвандаи чаҳор нафар, аз ҷумла Алмосбек Отамбоев алоҳида баррасӣ мешавад. 14 гумонбар барои ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шудаанд.
Азиз Батукаев соли 2013 бар асоси хулосаи табибон, ки гӯё бемории табобатнашаванда дорад, аз зиндони Қирғизистон пеш аз муҳлат озод шуд. Ӯ худи он рӯз ба Бишкек интиқол ёфта, аз фурудгоҳи «Манас» ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз кард.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон соли 2019 тафтиши қазияро аз сар гирифта, зидди Отамбоев, додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева ва як қатор мансабдорони пешини дигар айб эълом кард.
https://pressa.tj/politic/Ҷeenbekov-nisbati-sarnavishti-otamboev-betavaҷҷuҳ-nestam/
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ