Модели хонаи Айниро метавон сохт, аммо таърих аз байн меравад

Шаҳрдорӣ бо нашри як иттилоия тасдиқ намудаст, ки нияти интиқоли хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба ҷойи дигари мувофиқро дорад, аммо таъкид намудааст, ки ин масъала ҳанӯз низҳоӣ нашудааст.

Бозор Собир: «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,»

…Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате,
Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.

Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,
Чун китоби кӯҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.

Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,
Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.

Ҷамшеди Ҳабиб: ДУШМАН ЗАҲМАТИ БЕҲУДА КАШИД…

Дар Эрон гирди қабри Куруш чоҳ канда, зироат кориданд, дар Душанбе бошад, вайрон кардани хона-музейи устод Айниро баррасӣ доранд…

Мо худамон таърихамонро бо дастони худамон нобуд дорем. Душман беҳуда заҳмат кашид, ки омада китобҳои моро оташ зад. Баъди биноҳо китобҳоро ҳам худамон оташ мезадем.

Абдураҳими Умариён: ҚИБЛАИ АҲЛИ АДАБРО ВАЙРОН НАКУНЕД

Хонаи Устод Айнӣ фақат як манзиле аз обу гил нест, балки Таваллудхонаи Одамушшуаро, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст, ки онҷо дигарбора мутаваллид шуд, Шифохонаест, ки Буалӣ Сино пас аз сардаргумиву “дарбадарӣ” боз ба табобати миллат ва аҳли башар камар баст, Қиблаест барои пайравони оини аҳли адаб ва Зиёратгоҳест барои дилбохтагони назму насри тоҷик!

ШАРҲИ РАСМИИ ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: ОСОРХОНАИ АЙНИРО КӮЧОНДАНӢ БУДЕМ

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 12 ноябр бо нашрия як иттилоия дар сомонаи расмиаш “оиди паҳн гардидани хабарҳо дар мавзӯи бартараф намудани Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ” расман тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат пиромуни ин масъала ба Академия муроҷиат карда буд. “Бо дарназардошти хизматҳои шоёну барҷастаи адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ироа намуда буд”, гуфта мешавад дар иттилоия. Шаҳрдорӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки “масъалаи мазкур ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад».

Шаҳрдорӣ ҳамзамон зикр кардааст, ки “дар ҷойи Осорхонаи мавҷуда, бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.”

Аммо шаҳрдорӣ дар шарҳи худ нагуфтааст, ки агар хидматҳои Садриддин Айнӣ “шоёну барҷаста” бошанд ва масъалаи бунёди ягон иншооти дигар дар ҷои он дар дасти баррасӣ набошад, пас чаро осорхонаи ӯро хезонда, ба ҷои дигар кӯчонданианд?

Мо метавонем, тарҳи қашангу зебои хона музейи устод Айниро бисозем, аммо дорем бо дасти худ таърихи милатамонро ба ҳукми нестӣ мебарем. . Таърихро наметавон аз нав сохт Айни ин ҳастии миллат аст, ва ба арвоҳи ӯ шаккоки накунед, ки ба ғазаби Худову Айни гирифтор мешавед.

Даст кашед аз ин кор. Агар Худо накарда ин кор шавад, вой ба ҳоли хонаву осорхонаи С.Айни дар Самарқанд мешавад, ки мехостанд, вайрон кунанд, вале бо хосту, арзи мардум, андеша карданд

Аз номи Анҷумани Самарқандиёни Амрико, рушанфикрони Самарканду Бухоро ва тамоми шаҳрвандони тоҷики кишварам, чи дар хона ва ё хориҷ бошанд, қатан аз ҳукумати Тоҷикистон ва шахсоне, ки ба ин кор машғуланд, хоҳиш мекунам, ки пеши ин кори хаторо бигиранд, набошад, торих ва арвоҳи Айниву миллат, моро, насли ҳозираро намебахшад. Андеша кунед.

АЙНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Порча аз китоби “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин”-и Шариф Ҳамдампур

«-Дар Комитети марказӣ кор мекардам, — нақл мекунад Охун Исмоилов. Боре Ғафуров маро даъват карданд ва гуфтанд, ки имрӯз домулло Айнӣ аз Самарқанд меоянд, шаб меҳмони хосаи ман мешаванд. Барои кӯчонида ба Душанбе овардани он кас мо бояд ҳар чӣ аз дастамон ояд, кунем. Ба раиси шаҳр фармуданд, ки рӯзи дигар шаҳр ва дараи Варзобро ба Айнӣ тамошо диҳад. Ҳар маконе барояшон писанд омад, дар он ҷо барояшон хона созанд. Раис шаҳрро тамошо медоронад, чанд ҷои муносиб, хонаҳои хубро нишон медиҳад. Аммо Айнӣ рад мекунанд ва мегӯянд: «Ман гирифтани хонаи дигаронро ба худ раво намедорам. Агар ин корро кардам, фардо мардум мегӯянд, ки Айнӣ хонаи маро гирифт». Бегоҳии рӯзи дигар раиси шаҳр ба қабули Бобоҷон Ғафуров омад. Парешон буд. Садриддин Айнӣ ҷариеро барои хона сохтан интихоб кардаанд, ки мувофиқи гуфтаи раис, тахту ҳамвор кардани он се сол заҳмат мехоҳад. «Агар се сол лозим бошад, барои устод Айнӣ меарзад, ки се сол заҳмат кашед!», — мегӯяд Ғафуров ва мефармояд, ки боғи саҳни ҳавлӣ аз як гектар кам набошад. Ду мошини боркаш ва як экскаватор барои пур кардани ҷарӣ, ҳамвор кардани замин якуним сол кор карданд».

Садриддин Айни аз хотироти сокинони Соктаре. БУХОРО, БАЪД АЗ ШИКАНҶА АЙНӢ ОНРО ТАРК КАРД

Эҳтиром, таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуров боис шуд, ки Садриддин Айнӣ Самарқандро тарк кунанд ва Душанберо макони зиндагии доимӣ ихтиёр намоянд.

Дар мавриди эҳтироми Бобоҷон Ғафуров нисбати Садриддин Айнӣ як нақли шоири машҳури калмиқ Давид Кугултинов дар хотирам нақш бастааст. Соли 1983, донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Москва будам. Боре ба факултаи мо шоири мардумии қалмиқ Давид Қулгантинов ташриф овард. Бо ташаббуси ҳамкурси мо Араша Батмайловичи қалмиқ дар хобгоҳи донишгоҳ маҳфили шеър баргузор гашт. Он дер тӯл кашид. Пас аз анҷоми вохӯрӣ, шояд аз он буд, ки ба Давид Кугултинов зиёд савол додам, ӯ маро барои давом додани суҳбат ба хонаи як дӯсташ даъват кард. Ҳини суҳбат сухан аз Бобоҷон Ғафуров рафт. «Ҳар миллатеро сарваре чун ӯ мебояд. Агар аҳли илму адаб чеҳраи миллат бошанд, Бобоҷон Ғафуров барои покии ин чеҳра мубориза мебурд»,— гуфт ӯ.

Зимнан қиссаеро аз рӯзгори ин арбоби илм ва сиёсат нақл кард: устод Садриддин Айнӣ бемор мешаванд. Ба аёдати он кас котиби ҷавони Комитети марказӣ меояд. Ба истиқболи ӯ ҳамсари устод берун меояд ва мегӯяд, ки Айнӣ имрӯз касеро қабул намекунанд. «Барояшон гӯед, ки ман котиби Комитети марказӣ»,- мегӯяд вай. Ҳамсари устод дубора дохил мераванд ва баъди чанде бармегарданд. «Фарқ намекунад, қабул карда наметавонанд»,— ҷавоби устод Айниро мерасонад ба вай. Котиб сахт дар ғазаб мешавад ва аз он ҷо рост ба назди Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров меояд. «Кор ба ҷое расидааст, ки як нависанда котиби Комитети марказиро қабул намекунад»,- арз мекунад мавсуф. Ғафуров мефармоянд, бо ин масъала рӯзи дигар наздашон дарояд. Рӯзи дигар, вақте ки қаҳри котиби ҷавон фурӯ менишинад, Бобоҷон Ғафуров ривояти ба истиқболи шоири бемансаб Абдураҳмони Ҷомӣ аз як фарсах роҳ пиёда ба истиқбол баромадани вазири дарбор Алишер Навоиро ҳикоят мекунанд. Оташи ғазаби котиб фурӯ менишинад ва бо сари хам аз дафтари кори ин марди хирад берун меояд. Баъдтар бароям маълум гашт, ки котиби ҷавон Пӯлодов буд.

ТОҶИКОН дар суҳбати Ғафуров бо Сталин

Ҷаҳл ҷаҳолатро ба бор меорад, ҷоҳил дер намепояд. Таҳаммулу таҳлил хоси сарварони бохирад аст, ки рӯдро мемонанд. Агар чунин нест, онҳо ҷӯйборе хоҳанд буд, ки маҷрояшро ҳар кӣ, ҳар тараф хост, дигар мекунад. Аммо на ҳар неруе тавони табдили маҷрои рӯдҳои бузургро дорад.

Эҳтироми шахси аввали ҷумҳурӣ ба аҳли илму фарҳанг эътибори илму адабро дар ҷумҳурӣ боло бардошта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *