Марям Исоева: Маро таваҷҷуҳи ҳукумат ва дуои халқ аз короновирус наҷот дод!

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ки чанде пеш гирифтори короновирус шуда, дар бемористон бистарӣ гардида буданд, баъди шифо ёфтан ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ташриф оварданд. Эшон паёме бо худ оварда хоҳиш карданд, ки онро ба мухлисонашон расонем. Инак, паёми модари саҳнаи тоҷик пешкаши шумо мегардад: 

Аз замоне, ки вабои короновирус ба сари мардуми олам, чун балои осмонӣ фуруд омад, мувофиқи тавсияи табибон кӯшиш мекардам, ки худро эҳтиёт кунам, вале чӣ илоҷ, ки беморӣ маро ҳам дарёфт кард…

Чанде пеш, ман ҳам гирифтори короновирус шудам. Оризаҳои ин беморӣ аз як тараф, тарсу таҳлука маро фаро гирифт. Ранҷу азобу уқубате, ки он рӯзҳо аз сарам гузашт, шабеҳи  спектакли “Дуои модар” буд, ки дар он нақши асосиро худам бозӣ мекардам.

Бемории ман тӯлонӣ давом кард. Табибон маро ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон интиқол доданд. Ҳолатам вазнин буд. Ба даргоҳи Худованди меҳрубон зориву тавалло мекардам, ки аз қабзаи ин вабо маро наҷот диҳад, зеро ҳамкасбони зиёдам, тайи ду соли охир аз дасти ин балои осмонӣ ҷон доданд. Духтурон барои наҷоти ман талош мекарданд…

Як рӯз ба идораи сомонаи pressa.tj занг зада аз ҳолатам хабардор кардам. Пас аз ин, ҳамаи Тоҷикистон аз бемор будани ман огоҳ шуда, ба ман телефон мекарданд ё ба воситаи духтурҳо аз ҳоли ман хабардор мешуданд.

Ҳунарманд барои халқ хизмат мекунад ва бо дуои халқ зинда аст. Маро ҳам дуои халқ наҷот дод. Аз ҳамаи мухлисонам, ки онҳоро фарзандонам медонам ва онҳо маро дар кӯчаву бозор дида, модари миллат, модари саҳна, модари санъат мегӯянд, миннатдорам. 

Баъд аз он ки хабари бемории ман расонаӣ шуд, аз Ҳукумати кишвар низ бетараф набуданд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,  Раиси ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ Самӣ Шариф, Директори театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода ва дигар мақомдорон пайваста аз вазъи саломатии ман бохабар буданд, ки ба онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам.

Аз ҳама зиёд мехоҳам, ба аҳли кормандони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, махсусан, ба профессор Э. Раҳмонов ва табиби ҷавон Озар Иронов ва ҳамшираҳои тиббиву кормандони хурди тиб, изҳори сипос гӯям, ки бо муносибати нек, касбияти баланд ва маҳорати воло, ба табобати банда пардохтанд ва феълан зиндаву саломат ҳастам.

Пас аз он ки (19 июл) аз бемористон мураххас шудам, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи вазири тандурустӣ бо роҳхат ба истироҳатгоҳи “Шоҳамбарӣ” рафтам ва давраи барқароршавиро дар он ҷо гузаштам…

Шукри Худованд, ки айни замон сиҳату саломат ҳастам ва ба кору фаъолияти эҷодӣ баргаштам.

Дар ин рӯзҳои душвор як чизро дарк кардам, ки танҳо нестам. Давлат ва мардум ҳамеша бо мананд. Аз ҳамаи шумо шогирдон, ҳамкасбон, мухлисон ва масъулини ҳукумат миннатдорам.

Дуо мекунам:

Фарзандонам, Худованди мутаол ба ҳама шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва хушиҳои зиндагиро насиб кунад. Илоҳо ин вабо аз сари инсонҳо нест шавад. Кишвари мо ободу осоишта бошад ва мо ҳунармандон дар зери осомони соф ба мардум хизмат кунем.

Марям ИСОЕВА,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *