Тухмҳои тиллоӣ: Маошу нафақа 15%, нархи бозор 30%. Ку инсоф?
Аз нимаи аввали моҳи ҷорӣ дар тамоми бозҳорҳои кишвар нархи маҳсулоти ниёзи аввали мардум боло рафт. Якбора боло рафтани нарху наво боис ба нигаронии сокинон гардидааст.
Бо Фармони Президенти кишвар аз моҳи сентябр маоши кормандони буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон понздаҳ дарсад боло рафт ва ба маоши вазифавии хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ даҳ фоиз зам карда шуд.
Агар бо боло рафтани маош дар дилхоҳ мамлакати дунё мардум хурсанд шаванд, вале, мутаассифона, дар ҷумҳурии мо ин гуна нест. Зеро ҳамон вақт мардум ба фикре буданд, ки пас аз зиёд шудани маош, ҳатман дар бозорҳо ва дигар хизматрасониҳо низ нархҳо ва тарифҳо боло мераванд ва боз маоши ҳама боло намешаванд, яъне маоши ҳама кормандони корхонаву ташкилоти хусусӣ қариб, ки тағйир намеёбад.
Имрӯз омад ба сари тоҷикистониён ҳамон пешгӯияшон. Нарху наво дар бозорҳо пушт аз “қибла” гардонда, ба болои миёншикану бо маош душман буданаш, боз миёншикантару душмантар шуд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нархи шакару равғани офтобпараст то 30 фисад боло рафтанд, яъне як баробар аз зиёдшавии маош болотар.
Нархи як кило шакар, ки то 10-15 рӯз пеш 6 сомонӣ буд, ҳоло дар бозору дӯконҳои пойтахт аз ҳашт то даҳ сомонӣ аст. Ҳамзамон, нархи як литр равғани офтобпараст аз 12 сомонӣ то 15-16 сомонӣ боло рафт ва низ камчин шудааст. Ҳоло дар бозорҳо маъмулан равғани арзонтари пахта, ки тавлидоти дохилӣ аст, ба фурӯш гузошта шудааст. Равғани офтобпараст, ки солҳои охир аксари мардум аз он истифода мебаранд, акнун барои бахше аз мардум дастнорас шудааст.
Тибқи пешбинии коршиносон, имсол дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор тонна равғани растанӣ масраф мекунанд, ки бештаре аз он воридотӣ мебошад. Интизор меравад, соли оянда ин рақам то 28 ҳазор тонна коҳиш ёбад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ воридоти равғани растанӣ ва чарбу ба Тоҷикистон беш аз 5 дарсад кам шудааст.
Иловатан бояд гуфт, як дона тухми мурғ, ки то аввали моҳи октябр 80-90 дирам қимат дошт, ҳоло 1-1,10 ва ҳатто 1,20 дирам ҳам вохӯрдан мумкин аст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳо, танҳо дар соли 2020 дар Тоҷикистон 39 корхонаи нави парандапарварӣ ба кор шурӯъ карданд. Ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 185 фабрикаи парандапарварӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 170 тояш фаъолият доранд. Аз ҳам факти ҷолиб ин аст, ки дар маҷмӯъ корхонаҳои парандапарварии Тоҷикистон метавонанд солона то 1 миллиард дона тухм ва беш аз 35 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол кунанд. Ва мо барои зебо шудани ҷумла такрор мекунем: Дар кишвари мо солона то 1 миллиард тухм истеҳсол мешавад, аммо тухмро мо аз як сомонӣ гаронтар мехарем.
Мақомот вазъиятро расман шарҳ надодааст. Хушбахтона, Агентии захираҳои давлатӣ бо ҳадафи танзими нархҳо дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе фурӯши шакарро бо нархи пешина ба роҳ мондааст. Вале маҳдудиятҳо ҳастанд. Яъне, барои як нафар танҳо 5 кило шакар мефурӯшанду халос, ки ин боис ба зиёдшавӣ, тамбашавии мардум оварда расондааст. Иловатан, ин ҳолат мардумро ба тарси он ки ба мо шакар намерасад, овардааст. Дар омади гап, бояд иқрор шуд, мардуми мо аз ҷумлаи нафаронеанд, ки ҳар чизе қимат шуд ба он бисёртар таваҷҷуҳ карда, онро зиёдтар мехаранд.
Ин ҳама болоравии нархҳо дар бозорҳои кишвар дар ҳолест, ки ҳоло маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ва маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ – 1447 сомонӣ аст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, арзиши расмии сабади истеъмолӣ ё ҳадди ақали зиндагӣ норавшан буда, мақомоти дахлдор ба ин масъала ҳамчун мавзӯи гӯшхарош ва дилбазан таваҷҷуҳ намекунанд. Мардум бошанд, танҳо дар Google ва Yandex сабади истеъмолиро дидаву шунидаанд.
Роҳи ҳал куҷост? Кӣ ё киҳо бояд назорат кунанд? Кадом мақомот ба доди мардум бирасанд?
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ