Валӣ Самад – пажӯҳишгари дардманд аз дардҳои миллат
Адабиётшиноси маъруфи кишвар Валӣ Самад, ки бо ақидаҳои тоҷикдӯстона ва муборизаҳои тезутундаш бо душманони миллат маъруф аст имрӯз зодрӯз дорад. Номбурда аз шумули донишмандонест, ки тамоми умр бо таҳрифи таърих ва аз худкунандагони мероси гузаштаи тоҷикон муқобилият нишон дод.
Ба муқобили онҳое, ки Синоро турк, Ҳофизро танқид, Фирдавсиро таҳқир ва рӯзгори Лоҳутиву Айниро таҳриф кардаанд асарҳои бунёдӣ навишта дар Душанбеву Маскав, Теҳрону Порис, Бокуву Тифлис ва ғайра ба нашр расонид. Номи неки адабиётшинос ва забоншиноси маъруф Лутфуллоҳи Бузургзодаро зинда кард ва асарҳои ӯро баъди ним аср чоп кард. Равобити адабии тоҷику Қафқозро пажӯҳиш намуда, таъсири адабиёти оламшумули форсиро ба адабиёти турк собит намуд. Дар китобхонаҳои азими Маскав ва зиндонҳои сарди Сибир ковишҳои илмӣ анҷом дода шуҳрати Фирдавсиро дар Русия ва таъсири “Шоҳнома”-ро дар ташаккули Есенин ва Чернешевский барин бузургони адабиёти рус исбот кард.
Имрӯз Валӣ Самад, ки ҳамеша дардманд аз дардҳои миллат аст 84 сола шуд ва сахт бемор аст. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи “tajikistantimes.com” ба ин муҳақиқи забардаст шифои комилу оҷил орзу намуда, мақолаи ҳамкорамон Одил Нозирро, ки бахшида ба 80-солагии Валӣ Самад ба нашр расида буд, пешкаши хонандагон мегардонад.
САФИРИ КАБИРИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ҚАФҚОЗ
ВАЛӢ САМАД «пантуркист», «панэронист», «натсионалист», боз кист?
Турсунзода: Ба ту боварӣ дорам!
“Валиҷонро меҳри беандоза ба миллату Ватан водор кардааст, ки тамоми умр, дар тамоми навиштаҳояш – аз мақола то китоб дар пайи дифоъ аз мероси фарҳангии тоҷикон ва посухи дақиқ ба таҳрифи таърих ва осори адабии миллати мо аз ҷониби нотавонбинон ва ё ҳарзаҳои онҳо дар бораи бузургони мо бошад.” Акбар Турсон
«Хофиз Шерози қачонлардир «Кунглимни шод этган қизинг холида Самарқанду Бухорони бердим» деб ёзиб қуйган экан мана нега йиллардиким, ӯзбек шоирлари Ҳофизга шӯ байти учун дашном бернан била овара. Мабодо Хофиз тириллиб қаланга шоирлирмаз олдида тиз чӯқиб тавба –тазаррӯ қилган буларди!» («Ҳофизи Шерозӣ як вақтҳо «Ба холи духтари дили маро шод гардонида, Самарқанду Бухороро мебахшам» гуфта будааст. Мана чандин сол аст, ки шоирони ӯзбек барои ин байташ ба дашном додани Ҳофиз овораанд. Мабодо Ҳофиз зинда шавад, дар назди шоирони мо зону ба замин зада, тазаррӯъ мекард»). Ин ҷумлаҳои Абдулло Орипов, он вақт шоири ҷавон ва раиси Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, имрӯза Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони миллии Ӯзбекистон буд, ки Валиҷон, адабиётшиноси ҷавон аз маҷаллаи «Шарқ юлдузи» хонда ба ғазаб омад ва дастонаш ларзида-ларзида маҷалларо канор гузошта, ба Мирзо Турсунзода нигарист. Турсунзода рӯйи кат каҷпаҳлӯ зада, пиёлаи чой дар даст ба фикр ғӯта зада буд. Дар тан ҷомачаи беқасаби майдалағанда, дар сар, миёни мӯйҳои сафеду ҷингила, тоқии чоргул, ба рӯди хурӯшон менигарист.
— Мирзо Турсунович, ин чӣ гап худаш… ин шоир девона шудааст. Ин таҳқир аст! Таҳқир ба адабиёти тоҷик, таҳқир ба номи Ҳофизи бузург, таҳқир… — асабӣ шуда риштаи хаёлоти Турсунзодаро муҳаққиқи ҷавон канд ва чизе илова карданӣ буд, ки ҳамсӯҳбаташ нагузошт.
-Валиҷон, ором шав. Бо асабоният мушкиле ҳал намешавад. Ман ҳам туро барои ҳамин даъват кардам. Чун ба ту эътимод дорам, ба ту як ҳафта муҳлат. Ба ин мақола ҷавоби дандоншикане навис!
Баъди гирифтани дастури қатъӣ Валҷон маҷалла дар дасташ аз бӯстонсарои устод Турсунзода берун шуд. Дар дараи Варзоб бӯстонсарои Турсунзода дар канори рӯд ва аз дӯсташ Мӯъмин Қаноат дар рӯ ба рӯйи он дар пастхамии кӯҳ қарор дошт. Улуғзода, Маъсумӣ, Икромӣ, Боқи Раҳимзода, қариб ҳама адибони шинохтаи давр, дар ин мавзеъ истироҳатгоҳ доштанд. Аммо пояш накашид ки хонаи Қаноат дарояд, бо дӯсташ сари як пиёла чой сӯҳбат кунанд… қадамашро тез-тез партофта, журнали «Шарқ юлдузи»-ро миёни анугуштон маҷақ карда, ҷониби Душанбе шитофт.
Моҳи октябр бошад ҳам, ҳаво гарм буд. Аз дараи Вазроб берун шуда, ба Душанбе расида буд, ки ҳавои гарму буғ ва нофорам фикрашро парешон кард.
Дар муддати таъиншуда мақоларо навишт. Мақолаи ҷиддӣ ва зарбазан. «Абдулло Орипов даҳони мурдор ба ҳақорати ҳазрати Ҳофиз кушод… Барои ҷавоб навиштан ба ӯ барин инсонҳо ба мо маслиҳат не, ҷасорати миллӣ лозим».
Турсунзода мусаввадаи мақоларо дида хурсанд шуданд, балки чашмонашон медурахшид.
-Зуд мақоларо ба журнал бар. Убайд Раҷабро гӯй, ки дар ҳамин шумора ҷой кунад!
Дж. Расулов: Строго наказать Вали Самада!
«…тамоми маънои зиндагӣ ва заҳмати Валиҷони мо аз мабдаи бо ҳам баҳрабардориҳои тамаддуни халқҳо об хӯрдааст» Муҳаммад Осимӣ
Ҳамон моҳ таҳти унвони «Қадри як ғазали Ҳофиз» мақола чоп шуд. Чоп шуду дар тамоми ҷумҳурӣ ғулғула бархест. Ба муаллиф мактуб мефиристоданд, ӯро дошта табрик мекарданд… ҳамқаламон мебӯсиданд… бехабар аз он ки…
Шароф Рашидов, котиби якуми ҳиизби комунисти Ӯзбекистон, ба ҳимояи шоираш Абдулло Орипов бархоста, 26 апрели соли 1971 ба номи Ҷаббор Расулов мактуб фиристод. Дар мактуб гуфта мешуд, ки Валӣ Самад бо ин мақолааш дӯстии ду халқи бародару дуст: тоҷику ӯзбекро халалдор кардан мехоҳад. Котиби якум, баъди хондани мактуб ба гӯшаи он навишт: «И. Рахимову. Обсудить и строго наказать Убайда Раджаба и Вали Самада! Дж.Расулов».
14 майи соли 1971 Убайд Раҷаб, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва Валӣ Самад, муаллифи мақола, дар бинои ҳизби коммунист сурху сафед мешуданд ва дандон зери дандон монда, таҳқиру тавҳини Ибодат Раҳимоваро гӯш мекарданд. Муҳокима тунду тӯлонӣ гузашт. Қарор қабул шуд:
- Ба сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб барои чопи мақолаи ғарзнок ва ба дӯстии миллатҳо халал воридмекардагиаш выгавори қатъӣ дода шавад ва муваққатан аз сафи ҳизб хориҷ карда шавад.
- Ҳуҷҷатҳои Валӣ Самад, ки барои аъзогии Иттифоқи нависандагон пешниҳод шудааст, бекор ва ба муҳлати 10 сол чопи мақолаҳояш дар «Садои Шарқ» боздошта шавад.
Маҷлис тамом шуд. Валӣ Самад аз тарс, ки Убайд Раҷаб ба сараш ҳамла мекунад ва ӯро зери дашному мушту лагад мегирад, зери обу арақ монда, оҳиста–оҳиста аз қафои ӯ берун мебаромад. Хост роҳашро дигар карда гурезад, ки садои омиронаи Убайд Раҷаб баромад:
-Валиҷон, мо ғалаба кардем!
-Чӣ хел? – аз тарс пойҳояш дир–дир меларзид, ки ҳозир Убайд Раҷаб ягон сухани сахт мегӯяд.
-Кормандони Кумитаи марказӣ ягонтоаш журнал намехонд, бо баҳонаи мақолаи ту дар дасти ҳамааш яктогӣ журнал буд…
Аспиранти 17- рӯза
(Ба дӯсти деринаам Валӣ Самад)
Болиғназарон роҳ ба манзил доранд,
Кӯрони замона пой дар гил доранд,
Дар пой бувад обила номардонро,
Мардони ҷаҳон обила дар дил доранд.
Бозор Собир
Ин ҷавонмарди 35-сола аслан кӣ буд? Чаро Турсунзода маҳз чунин як кори ҷиддиро ба ӯ супорид? Ё он вақт дар ҷумҳурӣ муҳаққиқон кам буданд? Чаро ҳар як навиштаи ӯ боиси кашмакашҳои илмӣ ва хусуматҳои шахсӣ мешавад? Ман ҳам ҳини омӯхтани зиндагӣ ва осори Валӣ Самад дар ҳайрат мемонам. Соли 1971 ӯ ҳанӯз ҳатто дараҷаи номзади илмӣ надошт, аммо сазовори эҳтиром ва иззату икром буд. 76 мақолааш дар ин давра дар матбуоти мухталифи ҷумҳуриявию умумииттифоқ доир ба бузургзодашиносӣ, равобити адабиёти тоҷику Қафқоз, тоҷику рус, очерку мақолаҳои публитсистӣ, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, озарӣ, арманӣ, гурҷӣ чоп шуда буд. Ӯ дар он солҳо ба проблемаҳои душвори адабиёт, аз ҷумла барои шинохту фарқи Возеҳи Бухороӣ ва Возеҳи Ганҷавӣ, дахл карда, дар адабиётшиносии халқҳои Қафқоз ва тоҷик саҳифаи наверо боз карда буд… Фоҷианоктарин саҳифаи илми филология ба таври фоҷиавӣ ва номардона аз ҳаёт рафтани Лутфулло Бузургзода буд. Муҳаққиқи ҷавон сари калобаи фоҷиаи мазкурро ба даст овардан мехост, гиреҳҳои онро кушояд, ки…
Валиҷон аз як тараф барои зиндагии шоиста ва сазовор мубориза мебурду аз тарифи дигар тақдир пеши пойи ӯ монеаҳо эҷод кардан мегирифт. Дар сини 14-солагӣ падараш ва дар 20-солагӣ модараш аз дунё гузаштанд. Ҷавони сағира ва бепуштупаноҳ бошад ҳам, муборизаро идома дода омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодомро хатм кард ва ба факултаи таъриху филологияи Институти педагогии Хуҷанд дохил шуд. Аммо дар ин давра аллакай лавҳаву очерк ва ҳатто мақолаҳои илмияш дар газетаҳо мунташир шудан мегирифтанд. Махсусан дар шинохти Лутфулло Бузургзода…
Валиҷон дар мактаб мехонд, ки муаллими фанни адабиёташ Азизов дар бораи Бузургзода ном шахс сухан гуфта, қайд кард, ки «ӯ ба шаш соҳаи илми филология асос гузошт, аммо худаш ба таври фоҷиавӣ кушта шуд». Ана ҳамин «ба таври фоҷиавӣ» гуфтани устод ба шогирд сахт таъсир кард, ки ӯ аз пайи омӯзиши осори Бузургзода шуд. Мақолаҳо менавишт. Носирҷон Маъсумӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ, ақли расо, гиру мони мантиқӣ, таҳқиқӣ пухта, таҳлили баҷо ва хулосаи солимро дар навиштаҳои ӯ дарёфта, ӯро ба Душнбе даъват карданд. Носирҷон Маъсумӣ ба ӯ ҳаёт ва эҷодиёти Бузургзодаро чун мавзӯи рисолаи номзадӣ пешниҳод карданд. 1 октябр аспирант шуд. 13 октябр дар «Маориф ва маданият» мақолааш таҳти унвони «Ҳадиси ишқ поёне надорад», мунташир шуда буд, ки ба баъзеҳо, аз ҷумла ба академик Ниёзмуҳамадов ки ба чанд асари Бузургзода маҷбуран ҳаммуаллиф шуда буд, нафорид. Чун онҳо медонистанд, ки идома ёфтани ин мавзӯъ парда аз рӯйи ҳақиқат мебардораду онҳо шармсор мешаванд, 17 октябр Валӣ Самадро аз аспирантура хориҷ мекунанд…
Носирҷон Маъсумӣ аз ин ҳолат дар ғазаб шуда, ӯро наздашон хонданд ва ба унвони дӯсташон директори Институти забон ва адабиёти Озарбойҷон Аббос Амонов мактуб навишта, Валиҷонро он ҷо фиристоданд. Валиҷон дар Озарбойҷон мавзӯи рисолаи илмӣ доир ба равобити адабии адабиёти халқҳои Қафқоз ва тоҷик гирифта, ба кор шурӯъ кард…
Валӣ Самад «натсионалист», «панэронист»
Валӣ аз меҳри халқи худ Самад ёфт,
Ба ҷон кӯшид, то шуд ҷони миллат.
Камол Насрулло
Соли 1976. Тамоми олимони илмҳои ҷамъиятии Академия улум ҷамъ шуда, рисолаи навиштаи унвонҷӯ Валӣ Самадро муҳокима доранд. Худи унвонҷӯ дар трибуна рост истода, ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳад. Ҷавобҳо пухта ва мантиқӣ. Гап-гап шуд, ки ба муҳаққиқи ҷавон якбора рисолаи докторӣ медиҳанд. Аз ҷумла, профессор А. Гваҳария аз Тифлис гуфта буд: «Ҳар боби рисола… як диссертатсия номзадиро мемонад»… Шарифҷон Ҳусейнзода ҳам ба шавқ омада, баромад карданд: «Онон ки пеш аз Валӣ Самад дар мавзӯи пайвандҳои адабии тоҷику озарӣ чизе гуфтаанду навиштанд, аз домани кӯҳ болотар нарафтаанд. Танҳо Валӣ Самад ба қуллаи кӯҳ баромада тавонист». Унвонҷӯ аз шодӣ дар курта намеғунҷид. Дигар шаку шубҳа барои гирифтани унвони докторӣ набуд, ки ректори Институт академик Солеҳ Раҷабов, дар охир «як савол дорам» гуфта муроҷиат карданд:
-Лутфан мегуфтед, ки фарқи Валӣ Самад аз Валиҷон Самадов дар чист?
Валиҷон дар трибуна ях кард. Натавонист ҷавоб диҳад, ки устодаш профессор Расул Ҳодизода даррав ӯро аз ҳолати ногувор бароварданӣ шуданд.
-Азбаски дар Институти мо 4 то Самадов ҳаст, ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки насабашро тағйир диҳад… — аммо ин ҷавоби Ҳодизода Раҷабовро қонеъ накард…
Баъди чанд вақт ӯро ба Маскав даъват карданд. Аз болои ӯ ба ВАК касе арзиаи шикоятӣ навиштааст, ки ӯ гӯё натсионалист ва панэронист бошад. Ҷонишини раиси ВАК айнакашро аз чашмонаш гирифта, ба ӯ суол кард.
-Суфикси русии -ов ба ту чӣ зарар кард, ки онро партофтӣ? — Валиҷон зуд ҳозирҷавобӣ кард:
-Не только русский суффикс -ов но прекрасный, лирический, таджикский суффикс «–ҷон» тоже викинул…
Парастаев, ки худ арманӣ буд, қоҳ-қоҳ хандид ва ба ҳамроҳонаш гуфт:
-Ӯ панэронист нест!
Туркӣ сифати вафои мо нест!
«Агар дар кадом як гӯшаи дунё нафаре огоҳона ё ноогоҳона шоире аз шоирони форсигӯйро аз қавму миллати худ бидонад ва мероси онро моли худ гардонад, ғамашро дар Тоҷикистон пеш аз ҳама Валӣ Самад, мехӯрад, азоб мекашад, гиря мекунад ва вақташро сарф намуда ҷавоб мегӯяд…». Абдунабӣ Сатторзода.
Ҳини бозпурсӣ Парастаев ба ба Валӣ Самад суол дод:
-Чаро ту Низомиро шоири форсу тоҷик навиштаӣ? Модом ки ӯ асосгузори адабиёти озариҳост ва турк аст.
-Ҳеҷ гоҳ Низомӣ турк набуд! Модараш курд. Падараш форс! Ва тамоми осорашро ба забони форсӣ навиштааст. Ҳатто турконро мазаммат мекард:
Туркӣ сифати вафои мо нест,
Туркона сухан сазои мо нест.
Ҳар к-аз насаби баланд бояд
ӯро сухане баланд зояд.
Парастаев аз ҷой хест ва дасти ӯро фишурда, ба ӯ дипломи номзадиро эъто кард…
Сафири адабиёт дар Қафқоз
«Шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар Қафқоз аз қадмулайём таъсиру эътибори босамаре дошт…вале суннатҳои муқаддас зери таъсири сиёсати ҷорӣ… ғаразнок таъбир мешуд. Барои рӯшанӣ ба ин мавзӯи хело муҳим меҳнати ҳалоли Валӣ Самад лозим буд».
Мӯъмин Қаноат
Ҳамаи мардуми Қафқоз ба Валӣ Самад эҳтиром қоил буданд. Ягон маҷлиси сатҳи баланд дар Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон бе ширкати Валӣ Самад намегузашт. Ӯ амсоли сафири кабири адабиёти тоҷик дар Қафқоз хизмат мекард ва ҳамин тур ҳам унвони фахрӣ дошт. Ӯ чанд маротиба даҳаи адабиёту санъати тоҷиконро дар ин давлатҳо роҳбарӣ кардааст. Мақолаҳои зиёде доири равобити адабӣ мунташир карда, шӯҳрати адабиёту фарҳанги тоҷикро дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ исбот мекард. Давлати абарқудрати шӯравӣ барҳам хӯрд. Равобит миёни давлатҳо суст шуда буд.
Соли 2000-ум муовини сарвазири Озарбойҷон Элчин ба унвони муҳаққиқи тоҷик нома фиристод.
«Ҷаноби гиромиқадр Валӣ Самад!
Шуморо ба тантанаи ҷашнии 1300-солагии ҳамосаи бузурги озариҳо ва тамоми халқҳои туркӣ «Дадо Қорқуд», ки таърихи 7-9 апрели соли 2000 дар шаҳри Боку баргузор мегардад, даъват менамоем…
Нишонӣ: ш.Боку, 370066, кӯчаи Лермонтов, 68.
Бо эҳтиром муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Элчин. 03.03.2000»
Аммо бо сабаби набудани тайёраи Душане — Боку Валӣ Самад ба унвони мувини сарвазир узри худро фиристод. Аммо Элчин ба сафорати Озарбойҷон дар Тошканд супориш дод, ки муҳаққиқи тоҷикро ба ҷашн расонад. Сафорати Озарбойҷон дар Ӯзбекистон ба сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон нома фиристода, хоҳиш менамояд, ки «Ҷаноби Валӣ Самадро ба Боку барои ширкат дар тантанаҳои ҷашнӣ» бирасонед. Ҳамин тавр Валӣ Самадро аввал ба Алма-Ато ва аз он ҷо ба Тошканд мерасонанд. Аз пойтахти Ӯзбекистон худи сафир ӯро ҳамроҳӣ карда, то Боку мерасонад. Муҳаққиқи тоҷик Валӣ Самад дар ин ҷашни бонуфуз таҳти унвони «Як эпизоди шабеҳ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Китоби Додо Қарқуд» маъруза кард…
Китоби ҷаҳонгир
«(Валӣ Самад- О.Н.)…донишманди фозил, нексиришт, инсоне ки бинои ҳастии миллати моро аз таҳхонаҳои осорхонаҳои кишварҳои олам ҷустуҷӯ карда, ба ворисонаш чун асо ба дасти кӯр медиҳад…».
Абдулмаҷид Достиев
Валӣ Самад ҳар куҷо буда, дар фикри миллати тоҷик буда. Ҳар коре карда аз муҳаббат ба миллат карда, ва ҳар ковишу таҳқиқе карда барои шинохти тоҷик карда. Солҳое ки дар Озарбойҷон аз пайи таҳқиқ буд, чашмаш ба як мақолаи озарӣ бархӯрд, ки Н.Чернишевский бо муҳаббат дар бораи Фирдавсӣ гуфтааст. Ҳамин мақола ба муҳаққиқи ҷавон асар кард, ки ӯ 30 сол аз пайи омӯзиш шуд ва мақолаҳои зиёде дар ин бора нашр намуд. Билохира бо наздик шудани ҷашни Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернешевский»-и ӯ мунташир шуд. Китоб дар Эрон ду маротиба мунташир шуда, сазовори ҷоизаи «Китоби сол»-и Эрон шуд. Президенти вақти Эрон Саид Муҳаммади Ҳотамӣ ба унвони Валӣ Самад навишт:
«Ҷаноби арҷманд оқои Валии Самад.
…Ман ба номи миллати Эрон сипоси хешро ба Шумо ки хадмати илмӣ ва фарҳангии арзандеро дар арсаи мутолиаи Эрон доштаед, тақдим медорам…» Ва дасти ӯро фишурда, ҷоизаро ба ӯ спорид. Ин китоби Валӣ Самад дар Маскав ҳам ҷоиза гирифт.
-Тоҷикистон чӣ ҷоиза дод?- мепурсам аз ӯ.
-Ҳеҷ, ҳатто яке аз роҳбарон дар роҳ напурсид, ки кай зиёфат мекунӣ?
…турк файласуф ва тибб устоди Ибни Сино…
(ба устод Валӣ Самад)
Ҳар куҷо ҳарфест гар аз тоҷикон,
Хоҳ дар Қафқоз ё дар Ҳинду Чин.
Гирд ориву нигаҳдорӣ кунӣ,
Зинда бош эй тоҷики тоҷиктарин!
Абдурауф Муродӣ
Ба муносибати 2500-солаги шаҳри Бухоро яке аз роҳбарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар суханрониаш гуфт: «Бухорои шарифда нашъунамо топкан буюк ватандошмиз, Шарқ бобокалони Абу Али ибн Сино (980 — 1037) 450 дан ортиқ асар ёзган билиб, 242 таси бизгача етиб келган» («Ҳамватани бузурги мо ва бобокалони Шарқ Абуалӣ ибни Сино дар Бухорои Шариф нашъунамо ёфта, зиёда аз 450 асар навиштааст, ки 242-тои он ба мо омада расидааст») ва дар идомаи суханрониаш ба китоби «Буют турк файласуф ва тибб устоди Ибни Сино шахсияти ва асарлари ҳаққида тадқиқлар» – «Пажӯҳиш дар бораи зиндагӣ ва осори файласуф ва устоди бузурги тибби турк Ибни Сино» такя карда, Ибни Синоро фарзонафарзанди халқи турк унвон кард…
Валӣ Самад боз дар ғазаб шуда, мақолаи «Пайи Сино сиришти синоӣ мебояд»-ро навишт ва мақола тарҷумаву борҳо бознашр шуда, муҳри доимӣ ба даҳони даъвогарон зад…
Оташгиёҳи миллат
Номус намонад гар дар ин хок,
Номуси ту аст Тоҷикистон!
Гулназар
Аз зинаҳои бинои кӯҳнаи Институти забон ва адабиёт поин шуда, ҷувздони вазнин дар китф ҷониби хонааш мешитобад. Нашриёт ба муносибати 80-солагии мавлудаш, мусаввадаи китоби наваш таҳти унвони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар сарнавишти рӯҳияи миллии мардуми Қафқоз» дар ҳаҷми 400 саҳифаро барои азназаргузаронӣ фиристодааст. Ӯ ин бегоҳ бояд ҷиддӣ кор кунад, китобро саросар бихонад, то ғалате дар он роҳ наёбад. Илова бар ин хабаре расид, ки дӯстону шогирдонаш китоберо барояш бахшидаанд бо номи «Оташгиёҳи миллат»…
Ҳамроҳ аз бинои Институт берун мешавем, ҳама бо ӯ бо эҳтиром салом медиҳанд, даррав ягон суол дода посух мегиранд…
-Медонед, тақдири Шумо аз як ҷиҳат ба Соҳиб Шӯҳратиевич монанд. Эшонро ҳам ҳама эътироф мекарданд, аммо доктори илм набуданд…
-Докторӣ ин як лаҳза аст… ҳеҷ нақше надорад ва муҳим ҳам нест…
Аз ӯ ҷудо мешавам… фасли пойиз, ки ҳаст роҳравҳои кӯчаи марказӣ пур аз хазони чинор буд… Ӯ хазонро кӯфта — кӯфта ҳар дақиқа аз ман дур мешавад… Ӯ шитоб дорад… ҳамеша шитоб мекунад, бошитоб роҳ меравад. Чун кори зиёде дорад, ки бояд иҷро кунад.
Одил Нозир,
«Тоҷикистон» №48 (1142) 3 декабри соли 2015
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ