Вазорати тандурустӣ: дар карантин волонтёрон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мекунанд
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат ҷасала баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати карантин эълон намудан дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи валантиёрон таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бигузоранд.
Барои таъсиси гурӯҳи валантиёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ