Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидиро аз вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ озод карда ва сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидиро аз вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ озод карда ва сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйин кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Мисри Араб озод гардида ва ба курсии муовини аввали вазири хориҷӣ нишаст.
Ҳамчунин, Ардашер Қодирӣ сафири Тоҷикистон дар Малайзия таъйин шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар “Амонатбонк”, кумитаи телевизион ва радио, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва сохторҳои дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ