Таъйиноти кадрӣ дар Суғд. Мухбира Қобилзода кист?
Мухбира Қобилзода, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд таъйин гардид. Қаблан дар ин вазифа Ҷамшед Умарзода фаъолият дошт, акнун муовини аввали ин ниҳодро бар зимма дорад.
Ин таъинот бо фармони Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон дар мувофиқа бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифтааст.
“Тибқи қонун дар бораи хизматчии давлатӣ бояд давоми ҳар 5 сол ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсия гузаронида шавад. Ҷамшед Умарзода беш аз 5 сол дар ин вазифа фаъолият кард”, — иттилоъ доданд аз Кумитаи давлатии идораи замин.
Мухбира Қобилзода нахустин зани роҳбар дар Кумитаи идораи замин ба ҳисоб меравад. То омаданаш ба мансаби нав, ӯ моҳи ноябри соли 2020 раиси Кумитаи замини шаҳри Хуҷанд таъйин шуда буд. Дар гузашта мавсуф ба сифати муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини Суғд ва фаъолият дошт.
Мухбира Қобилзода 37 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Ихтисосаш муҳандис-иқтисодчӣ ва муҳандис-заминсоз аст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ