Тайсон камарбандро ҳифз кард, аммо аз бокс рафт

Дар Лондон шоми бокс ба анҷом расид, ки дар рақобати асосии он қаҳрамони WBC дар вазни вазнин Тайсон Фюри ва рақиби асосии ў Диллиан Уайт вохўрданд.

Аз сонияҳои аввал Уайт маркази рингро ишғол мекард, вале ба ҳариф кам зарба мезад, Фюри бошад, бо дастаони дарозаш ҳарифро аз дур ба осонӣ мушт мезад. Тайсон ташаббусро торафт бештар ба дасти худ гирифт ва ниҳоят дар сонияҳои охирини раунди шашум ҳарифро нокаут кард.

Тайсон, ки ба худ лақаби «Шоҳи лўлиҳо»-ро гирифтааст (ў худро аз қабилаи лўлиҳои Ирландия меҳисобад), бори дуюм камарбандро бе ягон мушкил ҳифз кард ва дарҳол пас аз набард гуфт, ки ин набарди охиринаш буд. «Ман фикр мекунам, ки ин охирин аст. Шояд ин охирин парда барои Шоҳи лўлиҳо бошад”,- гуфт Фюри ва бо баландгўяк акапеллаи American Pie сароид.

Эҳтимол, Тайсон ақидаи худро тағйир дода, барои супернабард бо ғолиби дуэл байни Усик ва Ҷошуа бармегардад. Аммо изҳороти ахири ў вазъро боз ҳам ҳаяҷоновартар мекунад. Тайсон чемпиони UFC дар вазни вазнин Нганнуро ба набард даъват кард ва дуюмӣ ҷавоби мусбат дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *