Таъкид ба масъулини Конибодом: Зимни баргузории маъракаҳо ба қонуншиканӣ роҳ надиҳед!
Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рудобаи Мукаррам якҷо бо гуруҳи корӣ ба шаҳри Конибодом рафтаанд.
Дар ин гуруҳ Оқилзода Нурулло, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон шомиланд.
Рудобаи Мукаррам дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Конибодом изҳор доштааст, ки имсол мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 25-солагии Ваҳдати беназиру беқиёси кишварамонро ҷашн мегиранд.
— Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як омили эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфт. Барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои сулҳу субот ва давлатдориамонро таҳким бахшид”,- иброз доштааст ӯ.
Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин бошад, масъулини мақомоти Конибодомро муваззаф намудааст, ки зимни баргузории тӯю маъракаҳо ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ