Таъкид ба зарурияти муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо раиси шаҳри Кумамотои Ҷопон Казуфуми Онишӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо зарур донистаанд, ки миёни ду кишвар муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор шавад.

Ҳамзамон, тавре иттилоъ дода мешавад, зимни мулоқот аз раиси шаҳри Кумамотои Ҷопон Казуфуми Онишӣ даъват ба амал оварда шудааст, то ҳамчун раиси шаҳри мизбони Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9-уми июни соли 2022 дар Душанбе) иштирок намояд.

— Худи ҳамон рӯз ҳайати кишвар бо вакили Палатаи намояндагон, собиқ вазири адлияи Ҷопон хонум Йоко Камикава мулоқот кард. Ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе ва ҳадафу нақши калидии он дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи обро муҳокима карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *