Таъкиди Президент: Маводи озуқа ва тухмии аълосифат захира намоед!
Дирӯз, 26-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи роҳбарони зикршударо доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шунидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор намудааст, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешвои миллат инчунин масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ