ТАКСАФОН: Мушкилии кӯчак дар пойтахти калон (Видео)

Душанбе пур аз навгониҳо ва пешравиҳо аст. Ин ҷойи баҳс надорад, вале дар пойтахти калони мо мушкили кӯчаке ҳаст, ки ба он чашм пӯшидан имкон надорад.

“Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таксафон нест ё ҳасту мо намебинем?” Ҳамин ҷумлаи саволиро ҳафтаи гузашта аз забони чанд нафар шунидам. Биёед, як маротиба фикр кунем, ки дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезанем ва агар нафаре аз мо дар куҷо будани таксафонро пурсад, ба ӯ чӣ ҷавоб медиҳем. Фарқ надорад он нафар меҳмон аст ё сокини муқимӣ. Дар Душанбе, пойтахти кишвар, ки аҳолияш наздик ба як миллион нафар аст ва ҳамаррӯза ҳазорҳо нафар аз манотиқи кишвар ба сабабҳои гуногун меҳмон мешаванд, таксафонҳо қариб ба чашм намерасанд. Бемуҳобот ҳамарӯза чандин нафарон дар кӯчаҳои Душанбе ба мушкилии бетелефонӣ, телефон доштану маблағ надоштан, ботелефонию қувва надоштани телефонҳояшон рӯ ба рӯ мешаванд.

Таксафонҳо барои зеб ё хокпошӣ ба рӯйи мардум?

Аллакай одат кардаем ба хокпошиҳо ва “ради галочка” кор кардани масъулин ва ин барои мо ҳеҷ чизи нав ҳам нест. Мо дар назар дорем, ки дар қисме аз истгоҳҳои нави пойтахт “Тоҷиктелеком” таксафон насб кардааст, вале онҳо кор намекунанд. Вайрон шудаанд? Не! Зеро то ҳол мо надидем кор кардани онҳоро. Ва саволи беҷавоб ҳам ҳамин аст: модоме ки таксафонҳоро фаъол намекунед ё кор намекунанд, чаро онҳоро барои асабӣ кардани мардум дар истгоҳҳо мегузоред?
Рӯзноманигор Далери Имомалӣ, ки ин масъаларо пайгирӣ мекунад, гуфт: “Сабаби ин мавзӯъро пайгирӣ карданам ин аст, ки мо медонем кишварҳои дигар бо имконоти васеъ ва интернети суръати баланд дошта, боз таксафонҳои фаъол доранд, аммо мо надорем ё дорему кор намекунанд. Ростӣ, бо баробари дидани таксафонҳои нав да истгоҳҳо бисёр хурсанд шудам, аммо тавре мебинем бо гузашти ду сол ҳоло ҳам онҳо фаъол нашудаанд. Фикр мекунам, ки бояд пойтахте ба монанди Душанбе ҳатман таксафон дошта бошад. Ман то дохили бинои Хадамоти алоқа рафтам ва нафаре пайдо нашуд, ки ба саволи мо ҷавоб гӯяд. мо рақами як намояндаи “Тоҷиктелеком2-ро пайдо кардам ва ҳанӯз ҳам он хомӯш аст, ки ба саволамон ҷавоб гирем. Ба андешаи ман пеш аз ҳама мушкил дар маъмурияти ин ниҳод аст”.

Агар мушкилӣ ҳалли худро наёбад…

Ману мо дар пойтахт зиндагӣ мекунем. Ором. Бетелефон. Сарсон. Ҳайрон. Муҳтоҷи телефони дигаре. Талбандаи телефони дигаре. Ва медонед чист аламовар? Мардум ба якдигар бовар надоранд ва аксарият пас аз шунидани “Мебахшед, мумкин аст бо телефонатон як ҷо занг занам?” ҷавоб мегӯянд: “Не. Телефонам пул надорад, қувва надорад”.

Мо нафаронеро, ки телефонҳояшонро ба як роҳгузар, як роҳмонда, ба як роҳгумзада, ба як муҳтоҷи занг ба дӯст намедиҳанд, санг заданӣ нестем, зеро ба ин ҳақ надорем. Танҳо зарур мешуморем, ки бояд дар кӯчаҳои пойтахт таксафонҳо фаъол бошанд ва сокинону меҳмонони корафтода бемамоният бо нафари лозимияшон суҳбати телефонӣ дошта бошанд.

Пешниҳод ба ҷойи хулоса

Бисёр хуб мешавад агар дар ҳама истгоҳҳои наву замонавие, ки кӯчаҳои Душанберо зеботар кардаанд, таксафон насб шавад. Таксафонҳое, ки фаъол бошанд. Таксафонҳое, ки бо танга, пули қоғазӣ ва корт истифода бурданашон мумкин бошад. Таксафонҳое, ки аз рӯйи дақиқа нею аз рӯйи сония ҳисобӣ шаванд. Ва таксафонҳое, ки…

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *