Таксиҳои 1111 ва 3333 дар Хоруғ ба мусофиркашонӣ сар карданд
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон, меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Хоруғ 120 таксӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Аз 120 мошин 60 адад ба ширкати таксии 1111 ва 60 адад ба ширкати хизматрасонии нақлиётии таксии 3333 тааллуқ дошта, 4 ададашро мошинҳои барқӣ ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби соҳибкорони шаҳр ду нуқтаи хизматрасонии электромобилҳо ба истифода дода шудааст.
Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни шиносоӣ бо нуқтаи хизматрасонии электромобилҳо иброз дошт, ки ҷиҳати гузаштан ба энергияи «сабз» ва ҳифзи табиати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ чунин нуқтаҳо ташкил ва шумораи мошинҳои барқӣ зиёд карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ