Таксии ширкати “1111” чаппа шуд (аудио)
Як мошини сабукрави ширкати таксии «1111» субҳи имрӯз, 2-юми сентябр дар роҳи калони Душанбе чаппагардон шудааст.
Тавре аз аксҳои нашрнамудаи рӯзноманигор Назаралӣ Пирназаров дар “Фейсбук” мушоҳида мешавад, ҳодиса пеш аз чорроҳаи “Яккачинор — Профсоюз”, аз самти кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино рух додааст.
Эҳтимол ҳодиса субҳи барвақт рух додааст, зеро дар роҳ мошин нест ва анбуҳи одамон низ мушоҳида намешавад.
Аммо сабаби садамаи мошин аз ширкати “1111” ва шахсияти ронанда маълум нест. Мақомоти бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе низ то ҳол дар ин бора хабар надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ