Таксирони ҳақоратчӣ дар Душанбе муҷозот шуд

 Ронандаи таксиро ба хотири  дағалгуфторӣ ва ҳақоратчигӣ боздошт карданд.

Тибқи гузориши Раёсати ВКД  мавсуф сокини 63-солаи пойтахт М.З аст, ки дар асоси таҳқиқи навор аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд.

Навори ин ронанда ки  тайи чанд рӯз  дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, боиси вокунишҳои зиёд шуд.

Ин навор аз тарафи як зане ба шабакаҳои иҷтимои роҳ ёфт ки ронанда ба ӯ суханҳои қабеҳ зада ӯро дашном карда буд.

Ронанда дар ширкати «Сайёҳон» ба мусофиркашонӣ машғул буд, вале пас аз ин ҳодиса корфармо шартномаи меҳнатияшро қатъ намуд.

Илова бар ин ӯ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *