Талаби ҷазо ба пиёдагардон
Талаби ҷазо ба пиёдагардон Прокурори генералии Тоҷикистон аз парлумони кишвар хостааст,ки ҷазо барои қонуншиканӣ аз тарафи пиёдагардон дар роҳҳои мошингузар пурзӯр карда шавад. Бар асоси тағйироти нав ба қонун, барои гузаштан аз болои гулзорҳои канори роҳ ҳам акнун муҷозот пешбинӣ мешавад. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки рӯзи 11-уми октябр Шӯрои ин Маҷлис масъалаи сахттар кардани ҷазо барои пиёдагардонро баррасӣ кардааст. Дар хабари палатаи поёнии парлумон омадааст, “пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд.” Дар Тоҷикистон феълан барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳҳо ва ё ташкили ҳолати садамавӣ огоҳӣ ё то 180 сомонӣ ҷарима мекунанд. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, чунин ҷазоҳои сабук масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардонро беҳтар намекунад. Як тағйироти дигар ба қонун, ки мумкин аст рӯзҳои наздик қабул шавад, ҷазо барои гузаштан аз “сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин” мебошад. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар шаҳри Душанбе зиёда аз 183 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки қариб 36 ҳазори он аз тарафи пиёдагардон содир шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ