Талаби 20 соли зиндон барои Бобоҷон Ширинзода
Айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати Бобоҷон Ширинзода, ки бо иттиҳоми куштори ҳамсари собиқаш айбдор дониста мешавад, аз додгоҳи пойтахт хост ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кунад. Бобоҷон Ширинзода дар қатли Моҳира Ятимова, ҳамсари 33-солааш муттаҳам аст. Ҳодиса 6-уми июн рух дод. Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаш Моҳира Ятимоваро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ кушт.
Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ба шарти набурдани номаш рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи Бобоҷон Ширинзода пурра ба анҷом расид ва дар нимаи дуввуми рӯзи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати ӯ 20 соли зиндон талаб кард.
Мурофиаи додгоҳи таҳти раёсати додраси додгоҳи пойтахт Тоҳир Мусозода ҷараён гирифтааст. Парвандаи Бобоҷон Ширинзода аз рӯи моддаи 104, қисми 2, яъне «куштори бераҳмона» таҳқиқ шудааст ва Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз 15 то 25 соли зиндон ва мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.
Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи дирӯз ҳузур доштааст ва аз ҷараёни баррасии парванда розӣ аст. Вай гуфт: «Ба Бобоҷон аз 15 сол бештар ҳукм хоҳанд дод ва аслан барои ӯ муҳим ин аст, ки ҷинояткор мувофиқи аъмолаш муҷозот шавад. Дирӯз мурофиа то бевақт идома кард ва рӯзи душанбеи 29-уми октябр додгоҳ ҳукми ниҳоии худро эълон хоҳад кард».
Аҳлиддин Ятимов, дар сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз шеваи тафтиши қазияи қатли бераҳмонаи духтараш қонеъ аст. Ба гуфтаи мақомот, Бобоҷон Ширинзода дар пурсишҳои ибтидоӣ қатли ҳамсари собиқашро эътироф карда, вале гуфтааст, ки «надонист, чӣ тавр ин амалро содир кард». Бобоҷон Ширинзода писари генерал ва як соҳибмақоми тоҷик аст.
Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Шарифов ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд фарзандонро ба ихтиёри ӯ медодаанд. Аммо Бобоҷон Ширинзода бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузошт, модарашонро бубинанд. Моҳира ва Бобоҷон ҳамсабақ буданд ва баъди хатми донишгоҳ соли 2007 издивоҷ карданд.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ