Талаби истеъфои Марк Сукенберг
Сармоягузорони Facebook талаб намудаанд, ки директории генералӣ Марк Сукерберг аз кораш истеъфо диҳад.
Сармоягузороне, ки барои ба кор даровардани шабакаи иҷтимоии Facebook 3 млрд долари амрикоиро дода буданд, талаб доранд, ки Сукенберг вазифаи худро тарк кунад. Рӯзноманигорони Business Insider навиштаанд, ки шаш нафар аз ин сармоягоузорон аз тарзи идораи ширкат норозӣ ҳастанд.
Чанд моҳи охир ширкат бо ҷанҷолҳои калон ру ба рӯ шуда буд. Ин моҷароҳо дар пайи ифшо шудани маълумотҳои 87 млн нафар истифодабаранда ба вуҷуд омад. Сармоягузорон аз чунин аҳвол норозӣ буда, тамоми ин мушкилро ба директор рабт медиҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки структураи сохти шабака нодуруст аст
« Мо метарсем аз он, ки структураи идоракунии ширкат нодуруст аст ва шабака наметавонад, маълумотҳои шахсии истифодабарандагонро ҳифз намояд. Ин обрӯи Facebook-ро мерезонад»-иброз намуд нозири молиётии Нью-Йорк, ки саҳмияҳои Facebook, ки 895 млн долларро ташкил медиҳад, идора мекунад.
75 дарсади саҳмияҳои Facebook дар дасти Сукенберг аст. Ба ин хотир дар ширкат аз ҳама овози калонро соҳиб аст, ва метавонад тамоми қарорҳоро мустақилона қабул намояд. Саҳмиягузорон мехоҳанд, ки Сукенберг аз кораш раваду менеҷери бетараф сари қудрат ояд.
Ин бори чандум аст, ки саҳмиягузорон мехоҳанд Маркро аз мақомаш барканор намоянд. Вале то ҳол ба он муясар нагаштаанд.
Таҳияи С. Розиқзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ