Талаби истеъфои Медведев

Дар платформаи Интернет  дархости талаби истеъфои сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба маъракаҳои васеъи иҷтимоӣ мубадал гаштааст. Тавре ки дар шабакаҳо хабар дода мешавад, пас  аз ҷамъоварии имзоҳо арзнома  барои истеъфои мавсуф  ба Владимир Путин фиристода мешавад. Котиби матбуотии Президенти Русия Дмитрий Песков гуфтаст,  ки бо  арзнома дар мавриди истеъфои Дмитрий Медведев шинос нест. Ӯ зимнан изҳор намудааст, ки хеле  соддалавҳона мебуд агар Владимир Путин ба чунин арзномаҳо, ки алайҳи кадрҳои сатҳи баланди давлатӣ нигаронида шудааст, таваҷҷӯҳ зоҳир мекард ва дар асоси он иқдом варзад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *