Талаби истирдоди Фатҳулло Гюлен дар робита ба куштори Андрей Карлов
Додгоҳи Туркия амри боздошти рӯҳонии муқими ИМА Фатҳулло Гюлен ва ҳафт гумонбари дигарро дар робита ба куштори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, содир кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркия рӯзи 2 апрел гузориш дод.
19 декабри соли 2016 корманди пулиси Туркия, ки хориҷ аз ифои вазифа буд, дар намоишгоҳи аксҳо ба сӯи Андрей Карлов оташ кушод ва ӯро ба ҳалокат расонд. Мавлуд Мерт Олтинтош баъдан аз тири пулис кушта шуд.
Хабаргузории Анадолу рӯзи душанбе гуфт, ки Гюлен ва ҳафт нафари дигар мехостанд «низоми конститусиониро баҳам бизананд» ва «куштори сафирро барномарезӣ карданд».
Мақомоти Туркия мегӯянд, ки қотили Андрей Карлов бо Фатҳулло Гюлен, ки Анкара ӯро барои гӯё табаддулоти номуваффақи мои июли соли 2016 дар ҷустуҷӯ қарор додааст, робита дошт. Фартҳулло Гюлен иттиҳомро рад мекунад. Амрико низ ӯро ба Туркия намедиҳад ва мегӯяд, ки айбҳои пешгузоштаи Анкара алайҳи рӯҳонӣ ангезаи сиёсӣ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ