Талабот ба шиносномаи хориҷӣ бештар шуд

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбекистон ба шиносномаи хориҷӣ ниёз доранд. Аз ҳамин сабаб ҳоло талабот ба шиносномаи хориҷӣ хеле афзудааст. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки он шаҳрвандоне, ки мехоҳанд беш аз 10 рӯзи тақвимӣ дар хоки Узбекистон монанд, бояд дар назди идораи милисаи макони зист ё меҳмонхона худро сабтином кунанд. Арзиши сабтином 5 доллар аст ва ин маблағ ба сурат-ҳисоби Бонки маркзии Узбекистон пардохта мешавад. Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, президенти  Узбекистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ  дастур додааст, ки масъалаи тамдиди мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистонро бидуни сабтиномро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *