Талаботи нави Арабистони Саудӣ ба зоирон
Арабистони Саудӣ шуруъ аз 1-уми феврали соли равон аз ҳамаи мусофироне, ки вориди ин кишвар мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё менингит талаб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон аксаран зоирон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Тибқи иттилоъи Вазорати тандурустии ин кишвар ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, дахл дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, мусофирон бояд ваксинаи чорҷузъии “Neisseria” гиранд ва гувоҳномаи эмгузарониро то 10 рӯз пеш аз сафар ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир барои таъмини бехатарии саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) — бемории илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағз мебошад. Он бемории сироятӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ