Талабшо аз“Сафина”рафту..

Субҳи ман ҳамеша бо “Сафина” оғоз меёфт. Ҳамин ки чашмонамро кушодам, аввал пулти телевизорро ба даст гирифта “Сафина”-ро мемондаму баъд аз паси тайёр кардани субҳона ва дигар кору бори худ мешудам. Маро ровии ҷавону боистеъдод Талабшо  Муқимов ошиқи ин шабака гардонда буд. Хотири Талабшо дигар барномаҳои “Сафина”-ро ҳам тамошо мекардам, вале намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки Талабшо баъди ба навор гирифтани филми пурсӯзи ҳаётии “Беҳуда хорам мекунӣ” аз “Сафина” рафт. Баъди рафтани Талабшоҳ  шавқу завқи ман ҳам нисбати ин шабака гум шуд ва дигар “Сафина”-ро тамошо намекардагӣ шудам. Аксар вақт худ ба худ фикр мекардам, ки ин ҷавони чеҳрааш мисли офтоб мудом дар табассум ба куҷо рафта бошад. Афсӯс мехӯрдам, ки ҳамин хел бачаи ҳунарманд аз майдони журналистикаи телевизион рафт, вале хушбахтона чанде пеш ӯро дар шабакаи “Синамо” дидам. Ин ровии боистеъдодро ба кор ҷалб намуда роҳбарони ин шабакаи навтаъсис бурди калон намуданд. Боварӣ дорам, ки Талабшо Муқимов бо ҳунару маҳорати нотакрор ва барномаҳои ҷолибаш диққати ҳазорон-ҳазор тамошобинонро ҷалб месозад ва бо шарофати чунин ҷавонони ҷӯянда телевизиони “Синамо” яке аз машҳуртарин шабакаҳои  кишварамон мегардад. Ман дар дил як орзуи бузург дорам-бо Талабшо Муқимов вохӯрдан. Мехоҳам ровии писандидаам дар озмуни “Ягона аз даҳгона” ғолиб биёяд ва вохӯрии мо дар рӯзи ҷоизагирии ӯ сурат гирифта, хотирмон гузарад. Аз ҳамин хотир ба “Оила” муроҷиат намудам. Ба тамоми мухлисони Талабшо Муқимов гуфтаниям:

-Биёед, ҳамаамон аз як гиребон сар бароварда ба ҷонибдории ин  ҷавони ҳунарманд овоз медиҳем, то бори дигар исбот шавад, ки Талабшо ягона буд, ҳаст ва мемонад!

Сурайё Рабиева н. Ҳисор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

27 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *