Талабшо Муқимов Орзу Исоевро мағлуб мекунад?

Хонандагони азиз, тавре огоҳӣ доред, сомонаи “Тajikistantimes.tj” бо мақсади муайян намудани ровии беҳтарини тоҷик даври дуюми озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро ба ровиён бахшида буд. Дар ин даври озмун, ки аз санаи 1-уми январ оғоз ёфт, даҳ нафар ровиёни шинохта аз шабакаҳои гуногуни телевизионию радиоии кишварамон иштирок доранд. Озмун нишон дод, ки ровиён дар байни мардум ҳатто аз санъаткорон дида, шуҳрату маҳбубияти бештар доранд. Айни замон дар байни довталабони озмун Талабшо Муқимов пешсаф аст. Ҳамарӯза садҳо нафар ба сомонаи  “Тajikistantimes.tj” ворид шуда, зери номи ин ҷавони чеҳрахандону ширинсухан лайк мегузоранд. Шумораи овозҳои Талабшо аллакай ба 611 расидааст. Комментарияҳои бешумори мухлисон ба ҷонибдории Талабшо Муқимов аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҷавони хушсалиқа аз телевизиони “Сафина” рафта бошад ҳам, аз дили мардум нарафтааст. Ровии радиои “Имрӯз” Зарринаи Тағоймурод аз Талабшо қафо монданӣ нест. Заринабону 402 овоз дорад ва умедвор аст, ки мухлисонаш албатта заҳматҳои ӯро қадр мекунанд.    

Вақте ки ин озмун оғоз ёфт, аксарият бар он ақида буданд, ки дар байни ровиёни тоҷик Орзу Исоев аз ҳама машҳуртар аст, вале то имрӯз Орзу ҳамагӣ 268 овоз гирифтааст. Сабаб дар огоҳӣ надоштани ҳаводорони Орзу аз озмун аст ё мухлисони ин марди воқеан ҳунарманд ба хоби зимистонӣ фурӯ рафтаанд, барои мо муаммост, вале умед дорем, ки шумораи овозҳои ба даст овардаи Талабшо Муқимов онҳоро ҳушёр месозад ва минбаъд фаъолтар мешаванд. Ошиқони садои Беҳрӯз Насриддинов бо дидани номи ровии дӯстдоштаашон ба ваҷд омада, ба ҷонибдориаш пайваста лайк медиҳанд. Беҳрӯз айни ҳол бо 351 овоз дар зинаи сеюм қарор дорад, вале ҳаводорони шӯхтарин ровии тоҷик-Субҳони Ҷалил рӯз то рӯз мавқеи ӯро танг карда истодаанд. Шумораи овозҳои Субҳон ба 283 расидааст ва эҳтимол рӯзҳои наздик аз Беҳрӯз гузарад.

Муборизаи Мубориз Усмонов ва Бахтовари Бобоҷон барои ба даст овардани ғолибият дар озмун бисёр  шадид рафта истодааст. Бахтовар айни замон 224 овоз дорад, зери номи Мубориз бошад 210 нафар лайк гузоштаанд, вале мавқеи ин ду ровӣ ҳар замон метавонад тағйир ёбад. Мутаассифона, ровии радиои “Ховар” Файзалии Ниёз бо 174, Дурахшони Ортиқ бо 181 ва Фариддуни Хайруллозода бо 163 овоз дар зинаҳои охирини озмун қарор доранд, вале мухлисонашон метавонанд ба ҷонибдории эшон лайк дода, мақоми ровиёни дӯстдоштаи худро баланд бардоранд.

Мо ба кулли довталабони озмун барору комёбӣ хоста, ёдрас мешавем, ки шумо метавонед ҳамарӯза ба сомонаи “Тajikistantimes.tj” ворид гашта ба ҷонибдории ровиёни писандидаатон райъ диҳед ва аз байни даҳгонаи ровиён ғолиби ягона ва беҳтаринро интихоб намоед!

Рустам Азимӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *