Талафот дар ҷанги Қарабоғ, кӣ зиёдтар мемурад?
Артиши Қарабоғи Кӯҳӣ як ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Озарбойҷонро сарнагун кардааст. Дар ин бора котиби матбуоти президенти ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғ Ваҳрам Погосян хабар додааст.
«Дар наздикии шаҳри Мартуни Қарабоғ як ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Озарбойҷон сарнагун карда шуд», — гуфт Погосян дар эфири телевизиони ҷамъиятии Арманистон.
Сухангӯи вазорати дифоъи Арманистон баъдтар ба РИА Новости гуфт, ки артиши Қарабоғ ҳавопаймои Ан-2-ро сарнагун кардааст.
Озарбойҷон ба самти шимол ва ҷануби хатти тамос дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамлаи густардаро оғоз кард. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Арманистон Артррун Оганесян хабар дод.
Ба гуфтаи Оганесян, задухӯрдҳо дар водии Аракс ва минтақаи Матагис-Талиш сурат мегирад.
Намояндаи Вазорати дифоъи Арманистон таъкид кард, ки артиши Қарабоғ бо ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бомуваффақият муқобилият нишон медиҳад.
“Дар ҳоли ҳозир 22 тонк ва 10 адад таҷҳизоти дигари ҳарбӣ нобуд карда шудаанд. Зиёда аз 370 сарбоз кушта шуданд. Тибқи иттилои мо, шумораи сарбозони маҷрӯҳ 35 нафарро ташкил медиҳад ”, — навиштааст Оганесян.Ҷониби Озарбойҷон шумораи кушташудаҳои арманиро 550 нафар мегуянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ