Талафоти бузурги Суғд
Субҳи имрӯз саррассом-ороишгари маъруфи вилояти Суғд- Акбар Маҳмудов дар синни 55 солагӣ аз олам даргузашт.
Субҳи имрӯз, 28-июл, дар митинги видоъ бо марҳум одамони зиёд дар театри мазҳака-мусиқии Камоли Хуҷандӣ, ки Акбар Маҳмудов 31 соли умри худро дар ин театр ҳамчун саррассом-ороишгар паси сар намудааст, ҷамъ омаданд. Муовини вазири фарҳанги ҶТ Обидҷон Назаров, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Ориф Набиев, намояндагон аз МИҲД вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, дӯстону пайвандони марҳум дар суханронияшон гуфтанд, ки марги Акбар Маҳмудов талафоти азимеро барои аҳли фарҳангу ҷомеъаи кишвар гузошт. Зеро марҳум дар замони фаъолияташ дар ороишу ба саҳна гузоштани барномаҳои фарҳангии сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ нақши калидиро доштааст. Тафсилоти бештар аз рафти митинги видоъ дар ин сомона баъди чанд лаҳза дар гузориши видеоӣ дарҷ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ