Талбак Назаров соҳиби «Тулӯи офтоб» шуд

Бо қарори Ҳукумати Япония собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон академик Талбак Назаров барои саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Япония бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени «Тулӯи офтоб» дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Бо қарори Ҳукумати Япония собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон академик  Талбак Назаров барои саҳми арзандааш  дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва  Япония бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени «Тулӯи офтоб» дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

 Маросими супоридани мукофоти мазкур  28 феврали соли 2019 дар қароргоҳи Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ суханронӣ карда, сарфароз намудани собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофоти олии давлати Япония ҳамчун нишони эътироф ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои сиёсати хориҷии дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи он академик  Талбак  Назаров саҳми  арзанда гузоштааст, арзёбӣ намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока  зимни суханронии  худ ба нақши  академик Талбак Назаров дар густариши дипломатияи тоҷик ва рушду нумӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония баҳои баланд дода, иброз намуд, ки Ҳукумати Япония бо дарназардошти ҳамин хизматҳои Талбак Назаров тасмим гирифт, ки ба ӯ Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I-ро тақдим намояд.Сафир дар вазъияти тантанавӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Япония орден ва шаҳодатномаи онро, ки аз ҷониби Императори Япония Акихито имзо шудааст, ба   Талбак Назаров супорид.

Талбак Назаров ба Сафир ва дар шахси ӯ ба ҳукумат ва мардуми Япония ва Император Акихито барои қадрдонии хидматҳои ӯ миннатдории хешро баён намуда, аз дастовардҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз ёдоварӣ кард ва омодагиашро баҳри саҳм гузоштан ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишвари ба мо дӯсти Япония  изҳор дошт.

Хотиррасон менамоем, ки Талбак Назаров тўли 12 сол (солҳои 1994-2006) дар вазифаи Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дорои    рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори фахрии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Чин мебошад ва дар барқарорсозӣ ва таҳким бахшидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Япония саҳми калон гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *