Таълим дар ДДҲБСТ раванди ҷаҳонӣ мегирад
Ҳафтаи гузашта Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг ба се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон: муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ супорид.
Ҳафтаи гузашта Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг ба се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон: муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ супорид. Оид ба ин дастоварди таълимӣ бо ректори ДДҲБСТ, профессор Шарифзода Мумин Машокир суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад.
-Устод, се ихтисоси ДДҲБСТ мақоми байналмилаллӣ гирифт. Яъне, акнун минбаъд онҳое, ки аз рӯи ин ихтисосҳо таҳсил мекунанд, дипломашон дар ҷаҳон эътироф карда мешавад. Донишгоҳ чӣ гуна ба ин дастовард ноил гардид?
-Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон пайваста кӯшишу заҳмат мекашанд, то дар тайёр намудани мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазиру ҷавобгӯйро омода намоянд.
Рӯзҳои 19-20-уми июни соли 2018 дар донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот» баргузор гардид. Ҳадафи конференсия муайян намудани дурнамои рушди робитаҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, табодули таҷриба дар роҳи ҳамкориҳои судманди макотиби олӣ ба ҳисоб мерафт. Намояндагони муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон ва Беларус дар ин конференсия ҳузур доштанд. Инчунин, дар конференсия муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон С. Давлатзода ва намояндаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг О. А. Яновская иштирок ва баромад намуданд. Дар ҳамин ҷо масъалаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани якчанд ихтисосҳои амалкунандаи ДДҲБСТ муҳокима карда шуд. Аз моҳи сентябри соли 2018 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ дар ин самт оғоз шуданд.
Барои омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалӣ дар донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои “Муносибатҳои байналхалқӣ”, “Ҳуқуқшиносӣ”, “Молия ва қарз”-и донишгоҳ, моҳи ноябри соли 2018 байни Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини таҳсилоти босифат, созишнома ба имзо расид.
Дар ҳамкорӣ бо Агентии мазкур донишгоҳ 3 барномаи таълимиро роҳандозӣ намуд. Барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳои номбурда нақшаи кории донишгоҳ таҳия гардид. Хулосаи ниҳоии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг нисбат ба аккредитатсияи ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионии агентии мазкур аз 14-уми июни соли 2019, таҳти рақами 46 қабул карда шуд.
-Чаро Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг маҳз ин се ихтисоси донишгоҳро интихоб кард? Зимнан мегуфтед, ки ин ихтисосҳо чӣ бартарӣ доранд?
-Давоми як сол Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинг ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ-муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарзро омӯхт. Баъдан комиссияи экспертии он дар ҷаласаи Шӯрои худ ба қарор омад, ки ДДҲБСТ ба гирифтани сертификати аккредитатсияи байналмилалӣ арзанда мебошад. Яъне, сатҳу сифати таълим дар ихтисосҳои зикршуда дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Ин нукта низ дар Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, ки 22 июни соли ҷорӣ баргузор шуд, таъкид гардид.
Воқеан, дар ихтисосҳои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаи ДДҲБСТ дорои якчанд афзалиятҳо мебошанд. Аввалан талаботи корфармоён ба мутахассисони ин ихтисосҳо зиёд мебошад. Аксарияти хатмкардагони ин ихтисосҳои донишгоҳ бо ҷои кор таъмин буда, дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, дар мақомоти қудратӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату кумитаҳои давлатӣ, бонкҳо, ширкатҳои саҳомиву тиҷоратӣ, мобилӣ, муассисаҳои илмиву истеҳсолӣ ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият доранд. Барномаҳои таълимии ин ихтисосҳо аксаран бо забонҳои хориҷӣ таҳия гардидаанд. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотиву телекоммуникатсионии раванди таълим дар ин ихтисосҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки ин омил низ яке аз сабабҳои интихоби ин ихтисосҳо барои гузаронидан аз аккредитатсияи байналмилалии онҳо гардид.Омили дигар, ин пеш аз ҳама, ба талаботу стандартҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг мутобиқ гардонидан ва ҷавобгӯ будани сатҳу сифати таълими ин ихтисосҳо мебошад, ки марҳила ба марҳила барномаҳои таълимии ҳисоботи худбаҳодиҳии онҳо омода гардонида шуданд.
-Оё Агентии мазкур дигар ихтисосҳои муассисаҳои олии кишварро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидааст? Умуман, ихтисосҳои макотиби олии кишвар соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ ҳаст?
-Айни ҳол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад, ки ихтисосҳои амалкунандаашро аз аккредитатсияи байналмилалии Агентии мазкур гузаронидааст. Дар ин раванд, ҳамчунин донишгоҳ аввалин муассисаест, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ихтисосҳояшро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронид. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани макотиби олии мамлакат барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ рӯзҳои 28-29 июни соли 2019 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ семинари омӯзишӣ оид ба тартиби гузаронидани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ баргузор намуд.
-Мегӯянд, ки дар донишгоҳ раванди таълим бо барномаи махсуси Alfa-Xpress амалӣ мешавад. Моҳияти ин барнома аз чӣ иборат аст?
-Ҷараёни идораи таҳсил тавассути барномаи Alfa-Xpress имконият медиҳад, ки тамоми раванди таълим, новобаста аз макони ҷойгиршавии муассиса, тавассути интернет назорат ва идора карда шавад.
Таъмини ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим бо иттилоот оид ба сатҳи азхудкунии фанҳои нақшаи таълимии ихтисосҳои донишгоҳ, санҷиши дараҷаи азхудкунии барномаи таълимӣ аз тарафи донишҷӯ, баррасии намунаҳои шакли электронии саволномаҳои тестӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ва ҳуҷҷатҳои зарурии ҷараёни назорати раванди таълим аз ҷумлаи имконоти барномаи мазкур мебошад, ки кори раванди таълимро дучанд осон ва сифатан хуб мегардонад.
-Дар оянда чӣ нақша доред?
-Ҳоло донишгоҳ ҷиҳати табодули устодону донишҷӯён бо беш аз 50 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки барои воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ҳадафи асосии донишгоҳ омода намудани мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир, ватандӯсту меҳанпараст, поквиҷдону меҳнатдӯст, азизу муътабар дорандаи рамзҳои давлатӣ, дастоварҳои миллат ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Яке аз методҳои ҷалби донишҷӯён ба муассиса ин мусоидати хатмкунандагон барои таъминшавии онҳо бо ҷои кор мебошад. Донишгоҳ айни замон ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 118 корхонаю ташкилотҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Ҳамасола 30-35 дарсади хатмкардагони муассиса бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Минбаъд донишгоҳ кӯшиш менамояд, ки бо муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ низ бобати табодули таҷрибаву малакаи донишҷӯён ҳамкорӣ намуда, мутахассисони худро ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Имрӯзҳо фаъолияти кулли самтҳои илмию таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди илму маориф, таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат ҷараёни бомаром касб намуда, дар ин ҷода Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. Бо ҳамин мақсад сохтмони бинои таълимӣ, толори маҷлис барои 1000 ҷои нишаст, ошхонаи замонавӣ идома дошта, бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандону устодон, хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.
Мусоҳиб
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ