“Талко” нав мешавад ва моли муштараки Тоҷикистону Чин мегардад
Мумкин аст, ки то ду соли дигар фаъолияти ширкати “Талко” қатъ шуда, дар ҷойи он корхонаи нави муштарак бо Чин барои тавлиди алюминий сохта шавад.
Ба гуфтаи раҳбарияти ширкати “Талко”, барои сохтмони ин корхонаи нав 1,6 миллиард доллар зарур аст.Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати «Талко», гуфтааст, ки феълан бо дастури раҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва Чин музокирот барои таҳияи қарордоди ниҳоӣ идома дорад. “Интизор меравад, дар зудтарин фурсат мақомоти ин ҳуҷҷатро имзо кунанд”, — афзуд ӯ. Ба қавли роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати “Талко”, тибқи тавофуқоти аввалия сохтмони корхонаи нав дар маҳалли корхонаи ҳозираи алюминбарории Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. “Корхонаи нави муштарак дар тӯли 1 солу 8 моҳ бояд бунёд шавад. Баъд аз анҷоми сохтмони коргоҳи нав корхонаи “Талко” комилан аз байн меравад. Ҳоло наметавонам бигӯям, ки саҳми ҷониби Тоҷикистон ва Чин дар ин корхонаи муштарак чӣ маблағе хоҳад буд. Зеро ин сирри тиҷоратӣ маҳсуб меёбад”, — шарҳ дод ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ